ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВКД: РОНАНДАИ АВТОБУС ДАР НАЗДИ “КОРВОН” АЗ ИСТЕЪМОЛИ ДОРУИ ЗИЁД АЗ ҲУШ РАФТААСТ (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон садамаи пурсарусадои рӯзи 8 январ дар назди бозори “Корвон”-ро шарҳ дод. Вазорат гуфт, ронандаи автобус ба сабаби истеъмоли барзиёди доруи “Баралгин” аз таъсири ин дору аз ҳуш рафта дар сероҳаи бозори “Корвон” якбора  ба 5 мошин бархӯрда ва як ҷавонзани 27-соларо, ки аз мошин мефаромад, пахш кардааст. Шабнам Ҳасанова зери чархи автобус монда, мутаассифона, ҷон бохтааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, “8-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 12:35-дақиқа, ронандаи автобуси тамғаи “АКИА”, аломати қайди давлатиаш 99-73 ТТ09, ки ба ККВД “Автобус 1” тааллуқ дорад, Мирдонов Шуҳрат Асатуллоевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, ки дар хатсайри №18-и шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул мебошад, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Қосимови пойтахт аз тарафи кӯчаи Фирдавсӣ ба самти кӯчаи Н.Қарабоев, дар вақти ворид шудан ба сероҳаи бозори “Корвон”, бо сабаби истеъмоли барзиёди дорувории “Баралгин” пеш аз ҳаракат карданаш, аз таъсири ин доруворӣ аз ҳуш рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.”

Сипас автобуси ӯ ба автомашинаи тамғаи “Ҳундай Солярис”, рақами қайди давлатиаш 87-11 ТТ05, таҳти идораи ронанда Лутфуллоев Беҳрӯз Сӯҳробович бархӯрда, баъдан ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, рақами қайди давлатиаш 60-44ВА01, таҳти идораи ронанда Кулуков Амрулло Давлатович бархӯрда, боз ҳаракаташро давом дода, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо”, рақами қайди давлатиаш 68-68 ОД01, таҳти идораи ронанда Саидов Раҳим Мирсалимович бархӯрдааст. Автобус баъди ин ҳам боз ҳаракаташ давом ёфта, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 21-11 ХТ01, таҳти идораи ронанда Исоев Дилшод Давлатмуродович, ки ин автомашинаҳо ба роҳи худ ҳаракат доштанд, бархӯрдааст. Дар ин вақт мусофири “Опел” Ҳасанова Шабнам Негматовна, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ки дар қисмати пеши автомашина дар ҷойи мусофир нишаста буд, хоҳиши фаромадан карда, аз сабаби бархӯрд ба ин мошин ҳангоми фаромадан зери чархи тарафи чапи автобуси мазкур монда, мутаассифона, ба ҳалокат расидааст.

Автобуси зикршуда  танҳо баъди ба автомашинаи тамғаи “Шкода” бархӯрданаш аз ҳаракат боз мондааст. Дигар иштирокчиёни ҳодисаи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштаанд.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Қаблан Mуҳаммадюсуф Алиев бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса дар гуруҳи фейсбукии “Хабарҳои рӯз” хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 8 январ дар назди бозори “Корвон”, бузургтарин бозори шаҳри Душанбе,  як автобус ба чанд мошин бархӯрд карда ва ҳамчунин раҳгузаронро пахш кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон,  ҳангоми рондани автобус ронандаи он аз ҳуш рафтааст.

Дар  видео дида мешавад, ки  автобус аз идора хориҷ шуда, мошинҳо ва одамони сари роҳашро пахш мекунад. Одамон ба тарафи автобус давида, онро бо даст манъ карданӣ мешаванд. Садоҳое ба гӯш мерасанд, ки ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед!

Автобус билохира манъ мекунад ва дар як они воҳид атрофи онро даҳҳо нафар печонида мегиранд. Дар навор дида мешавад, ки кормандони БДА низ ба ҷои ҳодиса расидаанд ва одамон талош доранд, то раҳгузареро, ки дар зери чархи автобус мондааст, берун бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button