Фарҳанг

ШОИРИ ТОҶИКИ СӮХ ИЛҲОМИ ОБИШИРӢ АЗ ДУНЁ РАФТ

Ҳамробой Илҳоми Обиширӣ, шоири тоҷики зодаи гузари Мулгони ноҳии Сӯх рӯзи 8 январи соли 2022, дар синни 71 ба раҳмати Ҳақ пайваст. Адиби тоҷики зодаи Сӯх  Марямбонуи Фарғонӣ  бо нашри хабари марги ин шоири тоҷик дар Фейсбук аз мардум хостааст, ки дар ҳаққи Илҳоми Обиширӣ, ки як умр машъали забони тоҷикиро дар диёри дурафтодаи Сӯх фурӯзон нигоҳ медошт, як каф дуои худро дареғ надоранд. 

 “Азизонам, бахшида ба устодам як каф дуоро дареғ надоред, то шаби аввал дар хонаи охират барояшон осону сабук гузарад. Шоире, ки ҳаргиз аз пайи дафтару девон нашуд, булбули шӯридае, ки аз шӯҳрат ҳамеша дар гурез буду нахост ангуштнамои хосу омм бошад, дар таърихи 8.01.2022 ба Ҳақ пайваст. Шоир бо реҳлати хеш дили ёру дӯстони бешумораш ва ҳаводорони шеъри нобашро оғуштаи ғам гардонид. Алвидоъ, бародарбузурги беҳамто ва дӯсти воқеан самимию равшанзамирам! Худо ба раҳматаш гирифта бошад. Омин”, навиштааст Марямбонуи Фарғонӣ.

Илҳоми Обиширӣ 8 ноябри соли 1950 дар гузари Мулгони зебоманзари ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, воқеъ андар соҳили рӯди Обишир дида ба ҷаҳон кушода, соли 1971 риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро хатм кардааст.

Марямбонуи Фарғонӣ менависад: “Чун аз овони донишҷӯӣ ба назари устод шогирднавоз Лоиқи бузургвор афтода буданд, намунаҳои ашъорашон пайваста дар нашрияҳои Тоҷикистон интишор меёфт. Баъди хатми донишгоҳ бо даъвати устод Лоиқ мебоист ба Тоҷикистон меомаданд, вале падари сахтгир садди роҳ гардиданд, то чароғи хонадони бобоиро яккаписарашон дар зодгоҳ фурӯзон доранд. Ҳамин тавр Илҳоми нармдилу ҳалимгуфтор як умр дар Обишир монданд ва дар мактаби деҳа машъалбардорӣ карданд.”

Марямбонуи Фарғонӣ меафзояд, ки ҳарчанд Илҳоми Обиширӣ шоири сермаҳсул буд, вале “шояд ҳамон хислати зотии фурӯтанӣ боис шудааст, ки аз пайи тартиб додани дафтару девон  нашуд.”

Намунаҳо аз ашъори Илҳоми Обиширӣ:

Мисли дарё шӯри дил дигар кунем,

Соҳили лабташна аз нав тар куем.

Як нигоҳи пурхумори Ёр бас,

Ки дигар тарки маю соғар кунем.

Қадри меҳанро надонад кӯчие,

Ҷон фидои хоки ин кишвар кунем.

Мо ба қасди ин ҳама бедавлатон,

Тоҷи нангу орро бар сар кунем.

Ҳамтаборони забонгумкардаро

Садқаи ҳарфи тари модар кунем.

Гар ҷаҳон бар тангчашмон танг шуд,

Олами дил боз паҳнотар кунем.

То хирад мискин набошад баъд аз ин,

Дил ба ҳар аҳли сухан ахгар кунем.

***

Кӯҳсорон – соқии фарзонаи дарёи Сӯх,

Дар баҳорон пур кунад паймонаи дарёи Сӯх.

Мерасад бар гӯш шабҳангом з-оғӯши сукут,

Савту оҳанги хуши мастонаи дарёи Сӯх.

Пешвозат мебарояд, чун равӣ бар соҳилаш,

Офарин бар расми тоҷиконаи дарёи Сӯх.

Лаҳзае дар рӯи санг афсонаашро гӯш кун,

Олами рангин бувад афсонаи дарёи Сӯх.

Сар ба соҳил мезанад сармаст бо ҷӯшу хурӯш,

Шӯрафкан наъраи риндонаи дарёи Сӯх.

Сангу хоку сабзаи соҳил ба яғмо мебарад,

Ҳайратангез оини турконаи дарёи Сӯх.

Ҳар кӣ бо мавҷи баландаш нописандӣ мекунад,

Мехӯрад гирдоби бебоконаи дарёи Сӯх.

Сӯхмарз аз ҳимматаш чун равзаи ризвон шуда,

Менамоям ҳар нафас шукронаи дарёи Сӯх.

Мардуми дарёдилу оташниҳоди Сӯхи ман,

Ҳамчу Илҳом ошиқи девонаи дарёи Сӯх.

***

Ҳайфи он умри азиз, ки бе Каломулло(ҳ) гузашт,

Ғофил аз фарзи Худо, қавли Расулулло(ҳ) гузашт.

Бо шиори сохтмони бардурӯғи комунизм,

Дар раҳи тарғибу мадҳи фирқаи Шӯро гузашт.

Баски авҷи бехудоӣ худнамоӣ менамуд,

Зиндагонӣ дар миёни мардуми гумро(ҳ) гузашт.

Чун намедиданд фарқе аз ҳалолу аз ҳаром,

Минбару базму азо бо соғару мино гузашт.

Тавба кардам, ҷои Бисмиллоҳи Раҳмону Раҳим,

Кору бори зиндагӣ бо зиндабодиҳо гузашт.

Дар лаби дарёи қисмат волаи мавҷи ҳаёт,

Рӯзу шабҳо бо умеди моҳии тилло гузашт.

Дарди мардум гуфтаам, Илҳом, дар шеъру ғазал,

Чашми ноҳақбини даврон лек чун аъмо гузашт.

***

Эй дили соҳилшин, аз шӯриши дарё магӯ,

Чун ба хилватхонаӣ, з-ошӯбу аз ғавғо магӯ.

Гар намедонӣ азоби тешаи Фарҳодро,

Қиссаи ҳаҷру висоли Ширини якто магӯ.

Дар дилат гар оташи ишқи Зулайхое наяст,

Достони ҳусни Юсуфро дигар бо мо магӯ.

Ношамидӣ накҳати зулфи парешонро ҳанӯз,

Ин суханҳои парешонро ту бомаъно магӯ.

Чун намедонӣ, имомо, фарзу воҷиби намоз,

Қубҳи ашъори намозии маро ҳар ҷо магӯ.

Ту надидастӣ баҳори Сӯхи ман, Илҳомро

Аз шукуфти ёсуман, аз наргиси зебо магӯ.

***

Эй Сӯхи ман, эй Сӯхи ман, мӯъҷизаи Яздон туӣ,

К-андар миёни кӯҳсор як равзаи ризвон туӣ.

Сӣ пора Қуръони Карим гар сӣ атои Эзид аст,

Дар қалби фарзандони худ як пораи Қуръон туӣ.

Чун ганҷи пинҳонмондае аз чашми сӯзанчашмҳо,

Як пора мулки ёдгор аз давлати Сомон туӣ.

Кӯҳи Лазар чун минбари шеъри адолатхоҳи ман,

Фахру ғуруру ному нангу мазраи имон туӣ.

Чун Чашмаи софу зулолат чашмаи ишқу умед,

Сарчашмаи шеъру ғазалҳо, қиссаву дастон туӣ.

Эй Сӯхи ман, эй Сӯхи ман, эй қисмати рангини ман,

Илҳомро ширинтар аз сад ҷони ҷони ҷон туӣ.

***

Ишқи ту ақлу хирад шуд, ошиқи аъмо нашуд,

Минбари шеъру ғазал гашту ҷунуни мо нашуд.

Ман нахӯрдам ҳеҷ гаҳ як қатра оби ҷӯйи ғайр,

Лутфи ту моҳии дилро гарчи чун дарё нашуд.

Ҷоми ҷонам дарз хӯрда аз гудози фурқатат,

Васли ту, эй васли ҷон, минои ҷонафзо нашуд.

Дар сари хони карам як лаҳза меҳмон кай шудам,

Марҳами ҷони фигор он наргиси шаҳло нашуд.

Бодаи ишрат надодам соқии базми азал,

Дар баҳори қисмати мо базми дилоро нашуд.

Гарчи субҳи ҳусни рӯзафзуни мо гардид шом,

Офтоби ишқро боре ғуруб аммо нашуд.

Чашму абру, қадду қомат, эй саропоят ғазал,

Пеши Илҳомат биё, ки мисрае иншо нашуд.

***

Гар шоирӣ, чу субҳи содиқ дамидан омӯз!

Парвонаӣ, ба боли нозук паридан омӯз!

Ҳамчун навои нодир аз тори хеш бархез,

Дар маҳфили хамӯшон шӯре фикандан омӯз!

Чун гул баҳои накҳат арзон макун ба ҳар ҷо,

Бар қадри ҷавҳари худ ҳар дам расидан омӯз!

Чун боди субҳгоҳӣ бо завқи дилнавозе,

Бар шохаҳои гулҳо дарси хамидан омӯз!

Чун шед нур афшон, аз маҳ мапурс тобе,

Дар хуми хеш чун май боре тапидан омӯз!

Арзиши ҳусн дону эъзози ишқ бинмо,

Аз ҷуръати Зулайхо Юсуф харидан омӯз!

Дар гирудори қисмат беҷурм кист, Илҳом?

Айбу гуноҳи худро мардона дидан омӯз!

***

Дар шигифтам аз ситези ноҳақи ин рӯзгор,

Пойдоре мехӯрад баъзан сари нопойдор.

Шаҳди боғи боғбонро мехӯрад савдогаре,

Оби сериро набинад ҷӯйкан аз ҷӯйбор.

Арзиши мис дар назар аз қадри зар боло шуда,

Фитнакоре пешрав аз ростгӯю росткор.

Камсаводе мекунад таҳлил панди Мавлавӣ,

Бетамизе медиҳад бар мо сабақ аз нангу ор.

Ҷавсириштон, во аҷаб, гандумнамоӣ мекунанд,

Ҷонгудозе ҷилва дорад ранги фарди ғамгусор.

Ҷоҳиле баъзан сари минбар сарафрозӣ кунад,

Орифе дар байни мардум сархаму беэътибор.

Сӯзи шавқу завқи дунёро биҷӯ, эй ҳушманд,

Аз суруди ҷӯйбору нағмаҳои обшор.

Гавҳари маънӣ ҳамеҷӯяд зи ҷайби ҳар садаф,

Шоир Илҳом инчунин аз лутфи Ҳақ уммедвор.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button