ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ҶАМЪБАСТИ ЭЪТИРОЗҲОИ ХУНИНИ ҚАЗОҚИСТОН: ДАҲҲО КУШТА, САДҲО ЗАХМӢ ВА 5135 НАФАР – ДАР ҲАБС (ВИДЕО)

Эътирозҳои аз ҳама густарда ва хунин дар таърихи Қазоқистон ба анҷом расид. Ин эътирозҳо, ки рӯзи 2 январ дар шаҳрҳои Жанаозен и Оқтау дар ғарби Қазоқистон дар пайи ду маротиба боло бурдани нархи гази моеъ сар шуд, рӯзи 8 январ боз ҳам дар ҳамин ду шаҳр  поён ёфт.

Рӯзи 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотам эълон шудааст. Бино ба омори расмии вазорати тандурустии Қазоқистон, ки шоми 9 январ нашр шуд, дар ҷараёни ҳаводиси ахир дар ин кишвар 164 нафар ҳалок шудааст. Аз ин шумор 103 нафар, 21 нафар дар ҚизилӮрда, 10 нафар дар Ҷамбул ва 22 нафари боқимонда дар дигар шаҳру вилоятҳои Қазоқистон кушта шудаанд. Мақомот қаблан аз кушта шудани 18 корманди ниҳодҳои қудратӣ ва захмӣ шудани 748 корманди мақомот хабар дода буданд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, дар умум барои кумаки тиббӣ беш аз 2200 нафар муроҷиат карданд, 1100 нафари онҳо дар шаҳри АлмаАто ва ҳудуди 300 нафар дар вилояти АлмаАто ҷароҳат бардоштаанд.  Ҳоло дар бемористонҳо 719 нафар таҳти табобат боқӣ мемонанд, ки 83 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доштаанд.

Омбудсмени кӯдакони Қазоқистон Аружан Саин гуфт, дар ҳодисаҳои охир се кӯдак, аз ҷумла як духтарчаи чорсола ва ду навраси 11 ва 15-сола низ ҷон бохтаанд.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Ерлан Турғумбоев рӯзи 9 январ хабар дод, ки дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ, биноҳои ҳукумати 5 вилояти Атирау, АлмаАто, Жамбул, Оқтеппа, ҚизилӮрда ва шаҳри Семей аз ҷониби издиҳом тасарруф шуда, боз ба 5 бинои ҳукумат ҳамла сурат гирифтааст. Дар АлмаАто издиҳоми мусаллаҳ ҳамчунин биноҳо додситонӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, дафтари ҳизби ҳокими Нур-Отан, фурудгоҳ ва ҳамчунин 7 мағозаи силоҳро ғасб карда, аз ин мағозаҳо миқдори зиёди аслиҳаву тирро ба яғмо бурдаанд. Турғумбоев гуфт, издиҳом ҳамчунин нақлиёти ҷамъиятиро тасарруф карда, бо истифода аз онҳо ба мақомоти қудратӣ ҳамла мекард, ба тарафи мақомот коктейлҳои Молотов партофта, аз силоҳ тир мекушоданд.  Наворҳое пайдо шуд, ки дар шаҳри Ҷамбул дар майдон ба эътирозгарон силоҳ тақсим карда истодаанд.

Рӯзи 5 январ дар пасманзари эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон пурра ба истеъфо рафт. Вале эътирозҳо бас нашуд ва шоми 5 январ президенти кунунии Қазоқистон ҚосимЖомарт Тоқаев дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, эътирозгаронро “дастаҳои террористон” ва ҳаводиси ахирро “ҳамла аз берун” номида, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Ин созмон ин дархостро фавран пазируфт ва алакай рӯзҳои 6 ва 7 январ нирӯҳои ОДКБ, аз ҷумла беш аз 200 нафар аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ворид шуданд.

Бино ба иттилои ВКД Қазоқистон, то 7 январ ҳамаи биноҳои муасиссаҳои давлатӣ дар Қазоқистон аз дасти издиҳом пас гирифта шуд, вале дар Алма-Ато, бино ба хабарҳо, амалиёти “поккорӣ” то ҳол идома дорад. Мақомот мегӯянд, фурудгоҳи Алма-Аторо низ пас гирифтаанд, вале парвозҳо ба  ва аз ин фурудгоҳ ба муддати номуайяне боздошта шудаанд.

Ба ҳисоби Утоқи миллии соҳибкорони Қазоқистон, маблағи зарар аз ҳаводиси ахир 212 миллион долларро ташкил додааст. Вале ба ҳисоби маҷаллаи Forbe’s, дороии танҳо 4 миллиардери қазоқ из ин ҳодисаҳо 3 миллиард доллар камтар шудааст. Вячеслав Ким ва Михаил Ломтадзе ҳар кадом 1,4 миллиард долларро аз даст дода, дороии Динора Қулибоева, духтари президенти собиқ Нурсултон Назарбоев ва шавҳари ӯ аз ҳисоби дар рӯзи 6 январ якбора 16% пойин рафтани қурби саҳмияҳои  Halyk Bank 200 миллион доллар кам шудааст. Ҳоло духтару домоди Назарбоев ҳар кадом 3,1 миллиард доллар дороӣ доштаанд.

Худи Назарбоев аз 28 декабр ба ин сӯ дар маҳзари ом зоҳир нашудааст. Овозаҳое зиёде дар бораи ба эътирозҳои ахир даст доштани клани Назарбоев ва ҳатто фирори ӯву атрофиёнаш аз кишвар паҳн шуда буд. Ҳабси Карим Масимов, собиқ сарвазир ва собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ, ки аз ёрони наздики Назарбоев ба шумор мерафт,  ва ҳамчунин дар рӯзҳои нооромиҳо аз бурдани номи пойтахт, шаҳри Нур-Султон худдорӣ кардану танҳо бо вожаи “пойтахт” иктифо кардани роҳбарони Қазоқистон ба оташи ин овозаҳо  дар мавриди вуҷуди тавтиа ва нақшаи табадуллоти давлатӣ бо иштироки аъзои калидии ҳукумат, аз ҷумла аъзои “командаи Назарбоев”, равғани боз ҳам бештар мерехт.

Вале рӯзи 8 январ сухангӯи Назарбоев эълон кард, ки ӯ дар шаҳри Нур-Султон аст ва аз ҳама даъват мекунад, ки дар атрофи Тоқаев муттаҳид шаванд. Рӯзи 9 январ сухангӯи Назарбоев гуфт, ки гӯё вай худаш мақоми раиси Шӯрои амниятро ба Тоқаев супурдааст.

Дар ҳар сурат, ба назари бисёриҳо, эътирозҳор ахир дар Қазоқистон, аз ҷумла он саҳнаи барҷастаи  кандани ҳайкали Назарбоев дар шаҳри Талдӣ Қӯрғон баёнгари оғози марҳалаи анҷоми даврони Назарбоев шуд. Назарбоев ҳарчанд ду сол пеш расман мақоми президентро супурд, вале ҳамчун Элбаси ё Пешвои миллат аз паси парда ҳамчунон идораи тамоми умури кишварро дар дастони худ нигоҳ дошта буд ва президент Тоқаев дар арса амалан як ба ном президент ё як хӯсае буд, ки аз хатти барояш кашидаи Назарбоев берун пой гузошта наметавонист. Аз ин ба баъд, тавре ба назар мерасад, қартаҳои бозӣ дар арши сиёсии Қазоқистон метавонад ба дасти бозигарони дигар гузарад. Ному симои ин бозигарони нав  ба зудӣ бояд рӯшан шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button