ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ҲАМАГӢ 51 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ САРҶАРРОҲИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ МАҲМАДҶОМӢ РАҲМОНОВ

Раҳмонов Маҳмадҷомӣ Худойдодович, мудири блоки ҷарроҳии бемористони марказии ноҳияи Восеъ рӯзи 8 январ  аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ 51 сол дошт ва тоза дуюним моҳ пеш: 18 октябри соли 2021 мудири блоки ҷарроҳӣ таъйин шуда буд.

Маросими намози ҷанозаи ҷарроҳи шинохта рӯзи 9 январ дар зодгоҳаш – деҳаи Ҷавонии ҷамоати ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ доир мешавад.

Хабари даргузашти Маҳмадҷомӣ Раҳмоновро дар Фейсбук ҳамкасбаш Oраш Самад нашр кард. Дар бораи иллати марги ҷарроҳи №1 ноҳияи Восеъ дар чунин синни ҷавон чизе гуфта нашудааст. Вале садҳо нафар дар зери ин хабар аз даст додани боз як табиби ҳозиқро хусусан дар музофоти Тоҷикистон талафоти сангин хонда, бо талаби сабри ҷамил ба наздикони Маҳмадҷомӣ Раҳмонов ва охирати обод барои худи ӯ даст ба дуо бардоштаанд.

Раҳмонов Маҳмадҷомӣ Худойдодович 1- уми августи соли 1970 дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати деҳоти ба номиАбдӣ Авазови ноҳияи Восеъ дар хонаводаи коргар ба дунё омада, соли 1987 мактаби миёнаи №14-ро дар зодгоҳаш хатм кардааст.

Маҳмадҷомӣ Раҳмонов баъди чанд соли талошҳо танҳо соли 1994, вақте алакай 24 сол дошт, тавонист ба риштаи кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохила шуда, онро бо дипломи сурх хатм кунад. Ӯ аз соли 2000 то 2002 дар ординатураи клиникии ин донишгоҳ низ таҳсил карда, онро ҳам бо ихтисоси ҷарроҳӣ бомуваффақият хатм кард.

Маҳмадҷомӣ Раҳмонов баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳаш, ноҳияи Восеъ баргашт ва дар тӯли 20 сол ба мардум хидмат кард.

Ӯ аз соли 2002 то 2005 мудири шуъба қабулгоҳи бемористони марказии ноҳияи Восеъ ва аз соли 2005 то 2021 табиби шуъбаи ҷарроҳӣ буд ва 18 октябри соли 2021 мудири блоки ҷарроҳии бемористони марказии ноҳияи Восеъ таъйин шуд.

Дар  ин вазифа Маҳмадҷомӣ Раҳмонов ҳамагӣ ду моҳу чанд рӯз кор кард…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button