ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТ САБАБИ СӮХТОР ДАР “ЯККАСАРОЙ”-РО ГУФТ: БЕНАЗОРАТ МОНДАНИ КОНДИТСИОНЕР (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтори субҳи ҷумъа дар тарабхонаи дар Душанбе машҳури “Якккасарой”-ро беназорат гузоштани кондитсионер номид.

Бино ба иттилои расмии вазорат, 7-уми январи соли 2022, соати 10:38, дар бинои тарабхонаи «Яккасарой», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ 22/1, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

«Ба маҳалли ҳодиса нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ ва ҳайати шахсӣ сафарбар карда шуда, дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор бе паҳншавӣ ва дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Рафти санҷиш ва таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор муайян кард, ки сабаби оташ гирифтани бинои тарабхона беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) мебошад,” гуфта мешавад дар хабар.

ВКД гуфт, аз сӯхтор ҳеҷ кас зарарӣ ҷисмонӣ набардоштааст. Маблағи молу мулки аз сӯхтор эминмонда мувофиқи ҳисоби пешакӣ тақрибан 7 миллиону 650 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аммо ҳаҷми зарари расида ба соҳибмулк гуфта нашудааст.

ВКД танҳо гуфт, таҳқиқи ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад.

Тавре қаблан хабар додем, субҳи ҷумъа, 7 январ тарабхонаи дар пойтахти Тоҷикистон машҳури “Яккасарой” ба коми оташ рафт. Ин тарабхона, ки асосан барои гузарондани тӯй  ва дигар шабнишиниҳо истифода мешавад, дар соҳили дарёи Душанбе дар наздикии чопхонаи “Шарқи Озод” (ГЖК) ҷойгир шудааст.

Барои фурӯ нишондани оташ дастикам 10 мошини сӯхторнишонӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Дар қабати якуми биное, ки даргирифт, толори мебели туркии “Истиқбол” ҷойгир шудааст. Гуфта мешавад, толори мебел низ аз сӯхтор қисман  осеб дидааст.

Аз аввали сол ин алакай дуюмин сӯхтор дар тарабхонаҳои Тоҷикистон буд.

Рӯзи 2 январ қаҳвахонаи маъруфи “Насими Баҳор” дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри  Хуҷанд ба коми оташ рафт. Алангаи оташ дар масоҳати 160 метри мураббаъ доман паҳн карда, ба оташнишонҳо барои фурӯӣ нишондани он 40 дақиқа лозим гуд.

Гуфта мешуд, сӯхтор ба эҳтимоли ғолиб аз ҳисоби нодуруст истифода кардани дудбарои макони сихкабобпазӣ сар задааст. Дар вақти сӯхтор чанд мизоҷ дар толорҳои “Насими Баҳор” қарор доштанд, ки сари вақт ба ҷойи амн кӯчонида шудаанд ва хушбахтона, ба касе аз онҳо ва ҳам кормандони қаҳвахона осеб нарасидааст. ” Қаҳвахонаи “Насими Баҳор” ба соҳибкор Насимҷон Миршаробов тааллуқ дошта, яке аз машҳуртарин қаҳвахонаҳои Хуҷанд ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button