ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ВАЗИРИ АМНИЯТИ ҚАЗОҚИСТОН БО ИТТИҲОМИ ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ БОЗДОШТ ШУД

Мақомоти амниятии Қазоқистон раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар Карим Масимовро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дастгир кардаанд. Дар ин бора рӯзи 8 январ хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ хабар дод.

Рӯзи 6 январи соли ҷорӣ аз ҷониби Кумити амнияти миллӣ тафтишоти тододгоҳии қазияи хиёнат ба давлат бар асоси қисми якуми моддаи 175 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз карда шуд. Худи ҳамон рӯз бо иттиҳоми даст доштан дар содир кардани ин ҷиноят раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ Карим Масимов ва шахсони дигар дастгир гардида, ба боздоштгоҳи муваққатӣ андохта шуданд “, – гуфта мешавад дар хабар.

Карим Масимов рӯзи 5 январ бо фармони президенти Қазоқистон Қосим -Жомарт Тоқаев барканор карда шуда, ба ҷои ӯ  худи ҳамон рӯз сардори собиқи Хадамоти давлатии муҳофизат Ермек Сагимбоев раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд.

Карим Масимов 56 сол дошта, аз ёрони қадимаи президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба шумор меравад. Масимов ду дафъа: солҳои 2007-2012 ва 2014-2016 сарвазири Қазоқистон буд ва баъди тарки ин мақом раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин шуд.

Ёдовар мешавем, аз 2 январ дар Қазоқистон эътирозҳои густарда идома доранд. Рӯзи 5 январ дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон пурра ба истеъфо рафт. Вале эътирозҳо тамом нашуд ва Тоқаев ҳамон рӯз дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, ҳодисаҳои охирро кори дасти “дастаҳои террористӣ” номид ва аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Рӯзҳои 6 ва 7 январ алакай нирӯҳои ҳомии сулҳи ОДКБ, аз ҷумла 210 сарбозу афсар аз Тоҷикистон барои таъмини тартибот ба Қазоқистон интиқол дода шуданд.

Боздошти Карим Масимов ва шарикони ӯ бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дар ҳолест, ки дипломати шинохтаи қазоқ Ёрмуҳаммад Ертисбоев рӯзи 7 январ дар суҳбаташ дар ТВ “Хабар-24” гуфт, миқёси эътирозҳои ахир баёнгари кӯшиши табадуллоти давлатӣ  буда, аз хиёнта дар зинаҳои баландтарини ҳукумат дарак медишанд. Ертисбоев гуфт, Кумитаи амнияти миллӣ маълумот дар бораи тамрингоҳҳои террористҳо дар кӯҳҳои Қазоқистонро пинҳон мекард ва 40 дақиқа қабл аз ҳамла ба фурудгоҳи Алма –Ато фармон додаанд, ки посбонони фурудгоҳро пурра бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button