ҶУСТУҶӮИ “ГУЛНАЗАР” ДАР ПОЙТАХТ ВА ДУЗДИИ 9 САР ЧОРВОИ МАЙДА ДАР ЁВОН

“Гулназар” ном шахс ба он гумонбар мешавад, ки моҳи июли соли 2021 аз як сокини 21-солаи Исфара бо роҳи фиреб 7 ҳазор доллар гирифта, то ҳол барнагардондааст.
ххххххххххххх
Сокини 24-солаи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки 24 октябр бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи як зани 36-солаи сокини ин ноҳия 9 сар чорвои хурдро дуздида, ба ӯ 18 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 8 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Исфара муроҷиат намудааст, ки 8-уми июли соли 2021, “Гулназар” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ифшо гардидани ҷинояти дуздии чорвои майда

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 36-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 24-уми октябри соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба анборхонааш даромада, аз он ҷо 9-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.