ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ТАРМА РОҲИ РӮШОН – БАРТАНГРО БАСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки лағзиши тарма дар роҳи Рӯшон-Бартанг ҳаракати нақлиётро дар ин роҳ ба мушкил рӯбарӯ сохтааст.

Чунончӣ, 6 январи соли 2022 дар километри 92 роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, ки аз қаламрави деҳаи Савнов убур мекунад, барфи шадид ва баъдан гарм шудани ҳаво сабаби сарозер шудани тарма гардид. Ин ҳодиса роҳи нақлиётро баст. 

Барои бартараф намудани паёмадҳои ин офат кормандони вазорати нақлиёт бо ҷалби техникаи барфрӯб дастбакор шуданд. Дар айни замон корҳои тозакунии роҳ идома доранд, роҳ муваққатан баста аст.

Ёдовар мешавем, ки тақрибан дар ҳамаи роҳҳои кӯҳии кишвар хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст. Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори  дигар аз аҳолӣ хост, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ қоидаҳои ҳаракатро риоя карда, ҳаргиз суръатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро низ риоя намоянд.

Тармаҳо қаблан боиси муваққатан қатъ шудани ҳаракат дар чанд роҳи дигари Тоҷикистон, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ва роҳҳои Рашт – Сангвор ва Хоруғ – Ишкошим шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button