ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

СӮХТОР ДАР ТАРАБХОНАИ МАШҲУРИ “ЯККАСАРОЙ” (ВИДЕО)

Субҳи ҷумъа, 7 январ тарабхонаи дар пойтахти Тоҷикистон машҳури “Яккасарой” ба коми оташ рафт. Ин тарабхона, ки асосан барои гузарондани тӯй  ва дигар шабнишиниҳо истифода мешавад, дар соҳили дарёи Душанбе дар наздикии чопхонаи “Шарқи Озод” (ГЖК) ҷойгир шудааст.

Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Бино ба хабарҳо, барои фурӯ нишондани оташ дастикам 10 мошини сӯхторнишонӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Дар қабати якуми биное, ки даргирифт, толори мебели туркии “Истиқбол” ҷойгир шудааст.

Аз аввали сол ин алакай дуюмин сӯхтор дар тарабхонаҳои Тоҷикистон аст.

Рӯзи 2 январ қаҳвахонаи маъруфи “Насими Баҳор” дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри  Хуҷанд ба коми оташ рафт. Алангаи оташ дар масоҳати 160 метри мураббаъ доман паҳн карда, ба оташнишонҳо барои фурӯӣ нишондани он 40 дақиқа лозим гуд.

Гуфта мешуд, сӯхтор ба эҳтимоли ғолиб аз ҳисоби нодуруст истифода кардани дудбарои макони сихкабобпазӣ сар задааст. Дар вақти сӯхтор чанд мизоҷ дар толорҳои “Насими Баҳор” қарор доштанд, ки сари вақт ба ҷойи амн кӯчонида шудаанд ва хушбахтона, ба касе аз онҳо ва ҳам кормандони қаҳвахона осеб нарасидааст. ” Қаҳвахонаи “Насими Баҳор” ба соҳибкор Насимҷон Миршаробов тааллуқ дошта, яке аз машҳуртарин қаҳвахонаҳои Хуҷанд ба шумор меравад.

Акс: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button