ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ЗИДДИ БА ҚАЗОҚИСТОН ФИРИСТОДАНИ САРБОЗОНИ ТОҶИК АСТ

Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи умдаи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки асосан дар Аврупо амал мекунад ва фаъолияташ дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ аст, рӯзи 7 январ дар як изҳорот бо пуштибонӣ аз тазоҳургарони қазоқ ин тазоҳуротро мусолиматомез ва талабҳои эътирозгаронро “талабҳои одилонаву қонунии мардуми қазоқ” номид ва гуфт, мухолифи ба Қазоқистон фиристодани сарбозони тоҷик аст.

Паймони миллӣ ин тасмимро “мухолиф ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон” номид ва гуфт, “ҳузури сарбозони тоҷик дар амалиётҳои хориҷи кишвар бояд тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, қонунгузории кишвар ва манфиатҳои миллии мо сурат бигирад. Ин қарор ба ҳеҷ кадоме аз ин талаботҳо ҷавобгӯ нест.”

Илова бар ин, гуфта мешавад дар изҳорот, “ҳузури сарбозони мо дар чунин шароит метавонад аз тарафи миллати дӯст ва бародари қазоқ ҳамчун ширкати тоҷикон дар амалиётҳои саркубгароёна алайҳи мардуми ин кишвар ва як амали душманона қабул гардад. Ин метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хатарзо бошад ва инчунин ба муносибатҳои ду кишвар дар оянда латма ворид кунад.”

Паймони миллӣ ба ин далел аз ҳукумат хостаст, ки аз тасмими ирсоли нирӯҳои ҳарбӣ ба Қазоқистон даст кашида, ба он кишвар барои пайдо кардани роҳҳалҳои сиёсӣ кумак намояд.

Рӯзи 7 январ дар Душанбе  дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, бино ба иттилои расмӣ, “танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Тоҷикистон ба Қазоқистон 210 аскару афсар мефиристад. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки рӯзи 7 январ  сарбозони тоҷикро тавассути ҳавопаймои ҳарбии Русия ИЛ-76 аз фурудгоҳи Айнӣ ба Қазоқистон интиқол додаанд.

Беларус алакай рӯзи 6 январ дар 5 ҳавопаймои ҳарбӣ нирӯҳои десантиашро ба Қазоқистон фиристод. Русия гуфтааст, ки ба ин кишвар то 5 ҳазор афсари аскар мефиристад.

Ёдовар мешавем, аз 2 январ дар Қазоқистон эътирозҳои густарда идома доранд. Рӯзи 5 январ дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон истеъфо дод.

Ба ном президенти Қазоқистон ҚосимЖомарт Тоқаев шаби 5 январ дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Тоқаев эътирозгаронро “дастаҳои террористон” номид ва гуфт, онҳо дар хориҷ тамрин дидаанд ва аз ин рӯ, ҳаводиси ахири Қазоқистон бояд ҳамчун ҳамла аз хориҷ ба ин кишвар арзёбӣ шавад.

ОДКБ ҳаққи мудохила дар муноқишаҳои сиёсӣ ва дохилиро надорад ва танҳо дар сурати ҳамла аз хориҷ метавонад ба кумаки кишварҳои узви ин созмон биояд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки дар ҷараёни ҳаводиси ахир 26 нафар аз эътирозгарон “маҳв карда шуда”, беш аз 3 ҳазор нафар дастгир шудаанд. Аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ низ, ба гуфтаи мақомот, 18 нафар кушта ва беш аз 700 нафар захмӣ шудаанд.

Манобеи дигар шумораи кушташудаҳо аз ҷониби эътирозгаронро бамаротиб бештар мегӯянд. Гуфта мешавад, танҳо дар Қизил-Ӯрда 19 эътирозгар кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Баром чи тафтишоти пурра нест .
    Барои террорист номидан далел даркор .
    Барои хакикат мубориза хатами аст.
    Чун ки, Хак номи Худованд хаст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button