ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАВОПАЙМОИ РУСИЯ САРБОЗОНИ ТОҶИКРО АЛАКАЙ БА ҚАЗОҚИСТОН БУРДААСТ

Хадамоти матбуоти вазорати мудофиаи Русия рӯзи 7 январ хабар дод, ки нирӯҳои ҳарбии Русияро ба Қазоқистон ҳавопаймоҳои ҳарбии Русия мебаранд. Бино ба ин манбаъ, ҳавопаймои Ил-76 бо аскарони тоҷик аз фурудгоҳи Айнӣ дар канори шаҳри Ҳисор алакай ба Қазоқистон парвоз кард.

Субҳи 7 январ дар Душанбе  дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, бино ба иттилои расмӣ, “танҳо як масъала баррасӣ шуда, барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд.”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Тоҷикистон ба Қазоқистон 210 аскару афсар мефиристад.

Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи умдаи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки асосан дар Аврупо амал мекунад ва фаъолияташ дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ аст, рӯзи 7 январ дар як изҳорот гуфт, мухолифи ба Қазоқистон фиристодани сарбозони тоҷик аст. Паймони миллӣ ин тасмимро “мухолиф ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон” номид ва гуфт, “ҳузури сарбозони мо дар чунин шароит метавонад аз тарафи миллати дӯст ва бародари қазоқ ҳамчун ширкати тоҷикон дар амалиётҳои саркубгароёна алайҳи мардуми ин кишвар ва як амали душманона қабул гардад. Ин метавонад барои ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон хатарзо бошад ва инчунин ба муносибатҳои ду кишвар дар оянда латма ворид кунад.”

  Парлумони Қирғизистон низ рӯзи 7 январ, танҳо дар рӯзи дуюми баррасии ин масъала, ба ирсоли нирӯҳои ин кишвар ба Қазоқистон розигӣ дод.  Арманистон ҳам гуфтааст, ки қасд дорад ба Қазоқистон 70 сарбоз фиристад. Беларус алакай рӯзи 6 январ дар 5 ҳавопаймои ҳарбӣ нирӯҳои десантиашро ба Қазоқистон фиристод. Русия гуфтааст,  ба ин кишвар то 5 ҳазор аскар мефиристад.

Ёдовар мешавем, аз 2 январ дар Қазоқистон эътирозҳои густарда идома доранд. Рӯзи 5 январ дар пайи ин эътирозҳо ҳукумати Қазоқистон истеъфо дод.

Ба ном президенти Қазоқистон ҚосимЖомарт Тоқаев шаби 5 январ дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Тоқаев эътирозгаронро “дастаҳои террористон” номид ва гуфт, онҳо дар хориҷ тамрин дидаанд ва аз ин рӯ, ҳаводиси ахири Қазоқистон бояд ҳамчун ҳамла аз хориҷ ба ин кишвар арзёбӣ шавад.

ОДКБ ҳаққи мудохила дар муноқишаҳои сиёсӣ ва дохилиро надорад ва танҳо дар сурати ҳамла аз хориҷ метавонад ба кумаки кишварҳои узви ин созмон биояд.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, ки дар ҷараёни ҳаводиси ахир 26 нафар аз эътирозгарон “маҳв карда шуда”, беш аз 3 ҳазор нафар дастгир шудаанд. Аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ низ, ба гуфтаи мақомот, 18 нафар кушта ва беш аз 700 нафар захмӣ шудаанд.

Манобеи дигар шумораи кушташудаҳо аз ҷониби эътирозгаронро бамаротиб бештар мегӯянд. Гуфта мешавад, танҳо дар Қизил-Ӯрда 19 эътирозгар кушта шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button