ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ДАРОМАДГОҲИ ДЕВАШТИЧ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки шоми 6 январ, бар асари ба мошини боркаши “Mercedes Atego” мошини сабукрави “Opel Zafira” ронанда ва се мусофири мошини сабукрав дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Наҷотбахшони воҳиди зудамали раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд барои берун кашидани ҷасадҳо бо таҷҳизоти гидравлики дарҳо ва пояҳои кузови мошинро бурида, сипас боми “Опел”-ро сӯрох кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, шоми 6 январ, тақрибан соати 17:03 раҳгузарон ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар бораи садамаи мудҳиш дар километри 254-уми шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд – Чаноқ дар даромадгоҳи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд хабар дода, хостори ба ҷои ҳодиса фиристодани наҷотбахшон шудаанд.

 “Мошини боркаши тамғаи «Mercedes Atego», таҳти идораи сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Истаравшан ба тарафи шаҳри Хуҷанд ба сабаби аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандааш ба мошини сабукрави тамғаи «Opel Zafira» таҳти идораи сокини 46-солаи ноҳияи Деваштич, ки аз сӯи шаҳри Хуҷанд ба тарафи Истаравшан мерафт, бархӯрдааст. Ҳангоми садама дар мошини боркаш ронанда ва як мусофир – сокини 58-солаи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошта, дар мошини “Опел” ронанда бо се мусофир – ҳама аз як оила сафар доштаанд. Дар натиҷаи садама ронанда ва се мусофири “Опел” дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ронанда ва мусофири «Mercedes Atego» ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Онҳоро ба бемористони ноҳияи Спитамен интиқол додаанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Сабабҳои садамаро кормандони БДА таҳқиқ мекунанд.

Қаблан ВКД дар бораи ду садамаи марговар дар Қубодиён ва Файзобод хабар дода буд.

Аз ҷумла шаби 5 январ, тахминан соатҳои 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Серви», Раҳматуллоев Сафар Кенҷаевич, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Амиргулхонов Мирбозхон Амирбурхонович, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Ишкошимро пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Инчунин 5-уми январ, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муҳиддинов Ваҳобиддин Ҷалолиддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Лахш-Рашт” аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Яқубов Саймуддин Маҳмадуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи зикргардида, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», падари ронанда Муҳиддинов Ҷалолиддин Салоҳович, соли таваллудаш 1958, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button