ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ДОДГОҲИ ОЛӢ ҚОТИЛОНИ АЛИРИЗОРО БА 19 ВА 17 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ КАРД

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7 январ мурофиаи парвандаи пурсарусадои куштори сокини 21-солаи деҳаи Яшми ноҳияи Рашт Алиризо Худоёровро ба поён овард. Қозии парванда Сафарбек Ғуломзода Зафарҷони Насриддин ва Азимов Абдулло, ду сокини деҳаи Яшмро дар қатли ҳамдеҳаашон Алиризо Худоёров гунаҳкор шинохта, Зафарҷони Насриддинро ба 19 сол ва Абдулло Азимовро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Блогнавис Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризо Худоёров, ки ҳар рӯз аз ҷараёни мурофиа дар саҳифааш дар Фейсбук гузориш медод, бо нашри хабари эълони ҳукми ниҳоӣ навишт: “Ҳарчанд ин ҳукм барои ҷинояти анҷомдодаи номбурдаҳо сабук аст, вале дигар қонун аст ва ман шахсан розӣ ҳастам аз ҳукми додгоҳ. Вале мо, Худоёровҳо норозигии худро дар он баён медорем, ки дар қатли бародарзодаи мо Алиризо Худоёров дасти кам 6 нафар, бо шумули фармоишгар шарик ҳастанд ва феълан ду нафар ба додгоҳ кашида шуданду халос! Мо барои ҳама заҳмат ва талошҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ изҳори миннатдории худро баён менамоем ва дар идома хоҳишу талаб дорем, ки боқимонда шарикони ҷиноятро ба ҷавобгарӣ бикашанд.”

Ёдовар мешавем, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 29 декабр аз  додгоҳ барои Зафарҷони Насриддин ва Азимов Абдулло мутаносибан 20 ва 19 соли зиндон талаб карда буд.

Худоёровҳо мегӯянд, нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар деҳаи Яшм  6 нафар аз авлоди Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо  Алиризо Худоёров, соли таваллудаш 2000, донишҷӯи соли дуюми риштаи ҳуқуқи Донишкадаи Раштро ҳадафи ҳамла ва латтукӯб қарор додаанд. Дар айни занозанӣ Алиризо Худоёровро ба қафаси синааш корд задаанд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд ин ҷавонро аз марг наҷот диҳанд. Корд ба қалби ӯ расида буд…

Мақомоти милиса ибтидо 4 нафарро аз авлоди Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо дар робита ба ин ҳодиса дастгир карданд. Вале дар ниҳоят парвандаи танҳо Зафарҷони Насриддин, соли таваллудаш 2000, ки гуфта мешавад, зарбаи кордро ба қалби Алиризо Худоёров маҳз ӯ задааст,  ва Азимов Абдулло то ба додгоҳ расид. Худоёровҳо талаб доранд, то ҳамаи онҳое, ки дар ҳамла ба Алиризо иштирок доштанд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд. Ва аммо Ҳамидовҳо инро рад мекунанд ва мегӯянд, Алиризоро Зафарҷон куштааст ва бояд фақат ӯ барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Хусумати байни Ҳусейновҳову Ҳамидовҳо бо Худоёровҳо аз баҳс бар сари як қитъаи замин оғоз ёфта, чанд сол боз идома дорад.

Моҳи январи соли 2018 ҳангоми бозии волейбол байни ин ду авлод занозанӣ рух дод ва он вақт Муҳаммадраҷаб Худоёровро бар асоси моддаи 237, қ.3 бо ҷурми авбошӣ ва бар асоси моддаи 110, қ.2 бо ҷурми расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда, бародари ӯ Муҳаммадрозиқро бо ҷурми авбошӣ (моддаи 237, қисми 2)  30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд  ва Алиризо Худоёровро низ бар асоси моддаи 237 дар авбошӣ гунаҳкор дониста, фақат барои он вақт ноболиғ буданаш ду сол ҳукми зиндони шартӣ дода буданд. Ба гуфтаи Худоёровҳо, дар он занозанӣ ҳамин Зафарҷони Насриддин, ки ҳоло барои одамкушӣ ба ҳабс гирифта шудааст, низ ҳамроҳи бародараш Алишер ва чанд тани дигар аз хешу табораш иштирок доштааст.

Дар аввали соли 2019, вақте мақомоти ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Худоёров, амаки Алиризоро, ки бо блогҳои интиқодиаш дар бораи роҳбарони ноҳия ном бароварда буд, ба “салафигароӣ” айбдор карда, ба зиддаш парванда сохтанд, Ҳусейновҳо ва Ҳамидовҳо ба кумаки мақомот шитофта, дар ҷараёни тафтишот ва дар додгоҳ ба зидди Ҷунайдулло Худоёров баёнот доданд. Ҷунайдулло Худоёровро бар асоси иттиҳомоти сохта ба якуним соли зиндон маҳкум карданд ва ӯ танҳо бар асоси қонуни афв дар поёни тирамоҳи соли 2019 аз маҳбас озод шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button