ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲУНАРПЕШАИ ШИНОХТАИ ТЕАТРУ СИНАМО МАҲМАДАЛӢ МУҲАММАДИЕВ

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷику Шӯравӣ, рӯзи 7 январ дар синни 76 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар гуруҳи фейсбукии Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ маъмури ин театр  Аъзам Розик хабар дод.

“Ҳамдардии кулли кормандони Театри А.Лоҳутиро ба наздикону пайвандон ва хонаводаи ҳунарпешаи Театру синамо, Мухаммадиев Махмадали мерасонем. Худованд устодро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат гардонад”, – навиштааст Аъзам Розик. Дар бораи иллати марги ҳунарпешаи шинохта чизе гуфта нашудааст.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев  10 марти соли 1946 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1971 студияи тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати театрии шаҳри Маскав, маъруф ба студияи Б.Бибиков ва О.Пижоваро хатм кардааст.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев аз соли 1971 то 1983 дар театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва аз соли 1983 дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кард ва аз соли 1982 узви Иттиҳодияи синамогарони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев дар филмҳои зиёде, аз ҷумла «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), «Хайр кабудии тобистон», «Тали мамнӯъ» ((«Узбекфилм»), «Ситораҳо дар шаб», «Соя» («Туркманфилм») нақш офаридааст. Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили «Парвози хушдоманам», «Сабзабаноз», «Қисмат», «Фиреби хаёл», «Шифо», «Чакидаҳо» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон бозӣ кардааст. Маҳмадалӣ Муҳаммадиев   ҳамчунин аз соли 1971 яке аз иҷрокунандагони асосии нақшҳо дар маҷаллаи ҳаҷвии синамоии “Калтак” буд.

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев  ҳамчунин дар театр нақшҳои Железнов («Васса Железнова», М.Горкий), Аҳмад Турдиев («Сурӯши Сталинград», М.Қаноат), Лука («Табиби зӯракӣ», Ж.Мольер),

Сафар Амиршоев (намоишномаи ҳамноми С.Сафаров ва Т.Аҳмадхонов), Ҳоҷӣ («Ғори девон » Г.Сафиева), Камаев («Латифаҳои музофотӣ», А.Вампилов), Акбар Мирвазӣ («Рӯдакӣ» С.Улуғзода) ва Мурод («Мӯсафедон» Н.Абдуллоев)ро офаридааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button