ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
БОЗДОШТИ ЯК НАВРАСИ 14-СОЛА БАРОИ ДУЗДИИ 6 ҲАЗОР ДОЛЛАР ВА ЯК МИЛЛИОН РУБЛ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани дуздии маблағи хеле бузург аз ҷониби як наврас дар ноҳияи Мастчоҳ хабар дод.
Бино ба иттилои расмӣ, ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза зани 72-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 4 ба 5-уми январи соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 6 ҳазор доллари амрикоӣ ва 950 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.