ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: ХАТАРИ ТАРМА АЗ БАЙН НАРАФТААСТ!

5 январи соли ҷорӣ аз километри 2 то 27 роҳи мошингарди Рашт-Сангвор, ки аз мавзеъи Лаби Ҷари ноҳияи Сангвор мегузарад, дар натиҷаи бориши зиёд лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Тарма роҳи ҳаракати мошинҳоро муваққатан баст.

Барои тоза кардани роҳ 5 адад техники Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шуд. Дар айни замон роҳ пурра тоза карда шудааст ва ҳаракати мошинҳо бе  мамониат идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, хушбахтона тарма харобӣ ва талафоти ҷонӣ надошт. 

Дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва кормандони БДА постгоҳҳо таъсис дода шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хотиррасон мекунад, ки дар пайи гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боришоти рӯзҳои пеш дар ноҳияҳои ВМКБ, дар кӯҳҳои қаторкуҳҳои Ҳисор, инчунин дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб боқӣ мемонад эҳтимоли лағзиши тарма, резиши сангу рег, яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар муроҷиат менамояд ва хоҳиш мекунад аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ кунанд, муваққатан ба доманакӯҳҳо барои ҳезум нараванд, молчаронӣ накунанд, ба шикоргоҳ низ нараванд.

Ронандагон ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд. Риояи фосилаи байни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат гарави аслии бехатарӣ дар роҳҳост.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон ва меҳмонон муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд, ҳушёр бошанд ва дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои фавқулода ба ин рақамҳо занг зананд:

112;

+992 93 880 28 19.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button