ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ХОҲИШ АЗ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: АЗ САФАР БА ҚАЗОҚИСТОН ХУДДОРӢ КУНЕД!

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор доранд, хабар дод, ки сафоратиТоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон ва консулгарии генералии кишвар дар шаҳри Алмаато ба таври муқаррарӣ фаъолият доранд.

Вазорат гуфт, “бо дарназардошти амалҳои ғайриқонуние, ки дар баъзе аз шаҳру вилоятҳои Қазоқистон дида мешаванд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави он кишвар қарор доранд, хоҳиш мегардад, то ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд.”

Вазорат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин бо исрор тавсия додааст, ки дастуру қоидаҳои ҷоригардида дар вазъи фавқулоддаро дар қаламрави Қазоқистон қатъиян риоя намоянд.

Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд.

Ҳамзамон вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба Қазоқистон, то пурра ба эътидол омадани вазъ худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, аз 2 январ ба ин тараф дар Қазоқистон эътирозҳои густарда идома доранд.

Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвар барои сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар Қазоқистон тақрибан 50 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button