ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ДАР ҚАЗОҚИСТОН ҲАЙКАЛИ НАЗАРБОЕВРО КАНДАНД, ТОҚАЕВ АЗ ОДКБ КУМАКИ ҲАРБӢ ХОСТ (ВИДЕО)

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва раиси давраии Шӯрои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин созмон дархости президенти Қазоқистон дар мавриди ба ин кишвар фиристодани нирӯҳои ҳомии сулҳро пазируфт. Пашинян гуфт, ин нирӯҳо “бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла бо дахолат аз берун ба муддати маҳдуд бо мақсаби таъмини субот ва оддӣ сохтани вазъ дар ин кишвар ворид карда мешаванд.”

Шоми 5 январ президенти расмии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар пайи ба дасти худ гирифтани роҳбарии Шӯрои амният, ки то кунун дар дасти президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоев буд, дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва ҳаводиси ахирро кори дасти “террористҳо” номида, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Ӯ гуфт:  “Бо назардошти ин ки ин дастаҳои террористӣ амалан дастаҳои байналмилалӣ буда, дар хориҷ ба таври ҷиддӣ тайёрӣ дидаанд, ҳамлаи онҳо ба Қазоқистонро метавон ва бояд ҳамчун амали таҷовуз баррасӣ кард. Аз ин рӯ, ман имрӯз ба сарони давлатҳои узви ОДКБ муроҷиат кардам, ки ба Қазоқистон барои рафъи ин таҳдиди террористӣ кумак расонанд.”

Бино ба хабарҳо, Русия алакай барои ирсоли нирӯҳояш ба Қазоқистон изҳори омодагӣ кардааст. Тоҷикистон низ узви ОДКБ аст, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё Душанбе ҳам ба Қазоқистон нирӯи ҳарбӣ мефиристад ё на?

Эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи 2 январ дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау дар ғарби ин кишвар дар пайи ду маротиба – то 120 танга боло бурдани нархи гази моеъ, ки аксари сокинон ба ҷои бензин дар мошинҳояшон аз ҳамин газ истифода мебурданд, оғоз ёфт. Базудӣ эътирозҳо аксари шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро фаро гирифт. Мақомот бошитоб нархи газро то 50 танга пойин оварданд ва субҳи 5 январ тамоми ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо фиристода шуд, вале эътирозҳо дигар фурӯкаш накард.

Эътирозгарон дар майдонҳо шиор мезананд ки: «Шал, кет!» («Мӯсафед, бирав!»). Манзури онҳо президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки бо вуҷуди баа 81 расидани синну солаш ва тарки мақоми президентӣ,  ҳамчунон аз паси парда умури роҳбарии кишварро дар дастони худ нигоҳ доштааст ва президенти кунунӣ Тоқаевро амалан ба як лӯхтаки бидуни ҳеҷ салоҳият табдил додааст.

Рӯзи 5 январ эътирозгарон дар Алма –Ато биноҳои шаҳрдорӣ, қароргоҳи президент ва як фурудгоҳро бо 5 ҳавопаймо ишғол карда, дар шаҳри Талдӣ-Қӯрғон, маркази маъмурии вилояти Алма-Ато ҳайкали Назарбоевро бо арғамчин канданд.

Бисёрии шореҳон рӯйдодҳои ахири Қазоқистонро поёни шармсоронаи боз як диктатори шарманда номида, мегӯянд, мутаассифона, диктаторҳои дигар аз сарнавишти ҳамтоёни худ, аз ҷумла аз сарнавишти Назарбоев сабақе ба худ намегиранд.

Лозим ба ёдоварист, аз рӯзи оғози эътирозҳо Назарбоев аз худ ягон бор дарак надодааст, ки куҷост ва фикраш дар бораи ин ҳама ҳаводисе, ки мегузарад, чист?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button