ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РОҲИ ДУШАНБЕ –ХУҶАНД БОЗ ШУД, ВАЛЕ ФЕЪЛАН ФАҚАТ БАРОИ МОШИНҲОИ САБУКРАВ (ВИДЕО)

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, нимрӯзии 4 январ хабар дод, ки дар пайи бартараф кардани тармаҳо дар ин шоҳроҳ ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе иҷозат дода шуд. Ширкат гуфт, дар наздиктарин фурсат ҳаракат ба тарафи Хуҷандро низ иҷозат медиҳанд.  IRS аз шаҳрвандон барои ҳусни таҳаммул ва дарки моҳияти масъала изҳори сипос кардааст.

Шаби 3 январ ширкати IRS хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 3 январ дар ин роҳ 14 тарма фаромадааст ва аз ҷумла як тармаи бузург бо 15 метр баландӣ ва қариб 300 метр паҳноӣ наздикиҳои соати 20 дар километри 65-уми роҳ  фаромадааст. Гуфта мешуд, ки 25 мошин, аз ҷумла 5 мошини боркаш ва 20 сабукрав дар километрҳои аз 62 то 73 дар банди тарма мондаанд.  Ширкат гуфт, баъди ин тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар ин шоҳроҳ  муваққатан, то бартараф шудани ин ва дигар тармаҳо боздошта шавад.

Барфрезии шадид аз 1 январ ҳаракати нақлиётро тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мушкил кардааст ва  ин роҳ алакай чанд дафъа боз баста ва кушода мешавад.

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, то 5 январ дар водиҳои ҷумҳурӣ боридани борон ва дар манотиқи кӯҳистон боридани барф дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ахиран аз ронандагон хост ба далели якбора сард шудани ҳаво ва боридани барфу борон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурат ба сафар набароянд. Бавижа бо роҳҳои кӯҳистон.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button