ВидеоКоррупсия

РАҲБАРИ МАРКАЗИ ОИЛА ВА КӮДАКИ ШАҲРИ ХУҶАНД БА ГИРИФТАНИ ПОРА АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 4 январ аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи Азизахон Валаматова, директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, “Валаматова Азизахон Ҳотамовна дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-и шаҳри Хуҷанд таъин гардида, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар чунин ҳолат ба содир намудани ҷинояти гирифтани пора даст зад.  Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои  омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ шаҳрванд “Б” аз охирон маблағи 15000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи мазкур 10 000 сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуд.”

 Бино ба иттилоияи агентии мубориза бо коррупсия, Азизахон Валаматова дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз шаҳрванд “А” ба сифати пора гирифтани боқимонда маблағи 5000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Валаматова Азизахон бар асоси моддаи 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди пурра ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Ба Валаматова бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 64 сомонӣ) ваё то 5 сол ҳукми зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол таҳдид мекунад.

Назари Азизахон Валаматова ваё наздикону адвокати ӯ ба иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда ҳанӯз дастрас нашудааст.

Фарзандхонӣ яке аз соҳаҳои фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин бисёрии оилаҳои муштоқи фарзандро дар ин ҷумҳурӣ маҷбур мекунад, роҳҳои алтернативии фарзандхониро ҷустуҷӯ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button