КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАНУ ЯК МАРД БАРОИ БА ДОНИШГОҲ ДОХИЛ КАРДАН 12 ҲАЗОР ДОЛЛАР ПУЛ ГИРИФТААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як зану мард дар Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи беш аз 12 ҳазор доллар хабар дод. Бино ба фарзияи тафтишот, ин ду зану марди ҳарду 31-сола аз се нафари алоҳида бо ваъдаи ба донишгоҳ дохзила кардани онҳо ё фарзандонашон дар маҷмӯъ 12 ҳазору 100 доллар гирифта,  ин ҳама маблағи бузургро ба манфиати худ сарф кардаанд ва кори он шаҳрвандони фиребхӯрдаро буд накардаанд.

Бино ба иттилои ВКД,  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2021, ҳангоми дар назди бинои маркази савдои «Саодат»-и пойтахт қарор доштанаш, зану марди 31-солаи сокинони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо номбурдагон маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.

Ҳамзамон худи  ҳамин ду нафар бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2021, дар назди бинои маркази савдои «Саодат» ба боварии ҷавони 20-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 6 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ӯро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо номбурдагон маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Ҳамчунин, меафзояд маркази матбуоти ВКД, номбурдагон боз бо ҳамин роҳ моҳи июни соли 2021 дар назди бинои маркази савдои «Саодат» ба боварии марди 51-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки духтарашро ба донишгоҳ дохил мекунанд, аммо маблағи пулиро ба манфиати шахсиашон сарф намуда, ӯро фиреб додаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button