ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ҲАЙБАТӢ АЗ МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН ХОСТ, ЧОРШАНБЕРО БУБАХШАНД ВА ОЗОД КУНАНД (ВИДЕО)

Размандаи машҳури ММА Муҳаммад Ҳайбатӣ, маъруф бо лақаби “Эронии Доғистон” (“Персидский Дагестанец”) дар як муроҷиати видеоӣ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки рақиби сарсахти ӯ Чоршанбе Чоршанбиевро бубахшанд ва озод кунанд.

“Мо ҳамеша ба иштибоҳҳо роҳ медиҳем. Ҳама гуноҳе дорад, касе бегуноҳ нест. Бале, Чоршанбе ҳам амалҳои нохуб дошт. Вале ӯ ислоҳ шуд ва вақте ки парчами Тоҷикистонро бардошт, одами хуб шуд. Аз Шумо, мардум ва ҳукумати Тоҷикистон, хоҳиш мекунам, ки Чоршанберо бубахшед. Бигзор ӯ баргардад ва ба варзиш машғул шавад. Умедворам, ва ман инро аз самими қалбам мегӯям, ки ҳама чиз хуб мешавад ва мо билохира ба дидори ҳам хоҳем расид”, – изҳор дошт дар муроҷиаташ Муҳаммад Ҳайбатӣ.

Размандаи эронӣ дар як муроҷиатномаи дигар ба забони форсӣ аз мардуми Тоҷикистон хост, то бо дархости раҳоии Чоршанбе Чоршанбиев ба ҳукумати худ муроҷиат кунанд.

Чоршанбе Чоршанбиев дар соҳаи варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд. Ӯ мебоист моҳи феврали соли 2021 бо Муҳаммад Ҳайбатӣ рақобат кунад, вале нишасти хабарии онҳо ба муноқиша ва занозанӣ печид ва Ҳайбатӣ, ки имрӯз ба ҳимоят аз рақибаш садо баланд кард, он вақт мегуфт, ки  дар пайи ин муноқиша бо Чоршанбе аз як пораи гӯшаш маҳрум шудааст.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи декабр мақомоти ГИБДД (собиқ ГАИ) шаҳри Маскав размандаи поп-ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро баъди қариб ним сол бо баҳонаии ҳанӯз моҳи июл бо суръати баланд рондани мошин дастгир карданд ва додгоҳи ноҳияи Останкино ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро баровард ва 29 декабр баъди рад шудани шикояти Чоршанбиев аз сӯи додгоҳи шаҳри Маскав ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд. Чоршанбиевро дар фурудгоҳи Душанбе кормандони амният “пешвоз” гирифтанд ва бо худ бурданд.

Баъдтар додситонии ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки Чоршанбе Чоршанбиевро ба ҳабс гирифта, ба зиддаш бар асоси моддаҳои 189 ва 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо ва маҳалҳо ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Сухангӯи додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, чоршанбиев  “ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст.”

Қаблан манобеи гуногун хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон нисбат ба Чоршанбиев барои суханони ҷанҷолбарангезаш бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати байни маҳалҳо парванда кушодаанд. Моҳи июл Чоршанбиев ҳатто бо парчами Тоҷикистон акс гирифт, то сарусадоҳо дар бораи “ҷудоиталаб” будани худро рад кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button