ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ШАБИ СОЛИ НАВ ПИРАМАРДИ 74-СОЛАРО ЗАДУ ГУРЕХТ

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки кормандони милитсия ронандаеро, ки соати чори субҳи 1 январ як мӯсафеди 74-соларо дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт, дар рӯбарӯи маркази савдои “Фарангис” пахш карда, ба ҷои ба ҷабрдида кумак расондан, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд, муайян ва дастгир кардаанд. Ронанда аз ҷои ҳодиса чунон бо шитоб гурехта буд, ки фурсати гирифтану бо худ бурдани як рақами мошинашро наёфтааст. Шахсияти ронандаро маҳз тавассути ҳамин рақами дар ҷои ҳодиса афтондааш муайян кардаанд. Дар акси нашркардаи РВКД Душанбе дида мешавад, ки шишаи пеши мошини ин ронанда низ шикастааст.

Субҳи 1 январи соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои дар паси пахш кардани раҳгузари солхӯрда аз ҷойи ҳодиса фирор кардани як ронанда нашр шуд. Дар навор дида мешуд, ки вақте ронанда марди раҳгузарро пахш мекунад, аз шиддати зарба як рақами мошинаш (58 12 FF01) канда шуда, ба замин афтодааст. Шаҳрвандон аз мақомоти милитсия хостанд, то то ин ронандаро барои фирораш аз ҷои садама ва зери хатар боқӣ гузоштани ҳаёт ва саломатии ҷабрдида ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти РВКД Душанбе, кормандони милится муайян карданд, ки “субҳи барвақти 1 январи соли 2022, тахминан соати 04.10, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Королла», рақами қайди давлатиаш 5812FF01, шаҳрванд Қаҳинов Хизралӣ Лутфуллоевич, санаи таваллудаш 20.07.1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, деҳаи Навбаҳор ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Фарангис” аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард – пирамарди 74-соларо зада аз пой афтонда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагарди пиронсол аз зарби автомашина ҷароҳат дар намуди шикасти пой бардошта, аз ҷониби роҳгузарон ба беморхона дастрас карда шуда, таҳти назорати духтурон қарор дорад.”

Маркази матбуоти РВКД Душанбе гуфт, дар робита ба ин ҳодиса, нисбати ронандаи фирорӣ Қаҳинов Хизралӣ Лутфуллоевич тибқи талаботи моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва алакай маводи аввалия тартиб дода шуда, санҷиши ҳодиса идома дорад.

Ба Қаҳинов ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 32 ҳазор сомонӣ) ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button