ВидеоФарҳанг

ДАСТИ СУЛАЙМОНРО КӢ ШИКАСТ? ТАФСИЛОТИ ҶАНҶОЛИ ДУ ОВОЗХОНИ ТОҶИК АЗ ЗАБОНИ ҲАРДУ (2 ВИДЕО)

Муноқишаи байни ду ҳунарманди ҷавони тоҷик Сулаймон Сафаров ва Михаил Ломоносов  дар як маҳфили хос ҳанӯз моҳи ноябр рӯй додааст, вале ин моҷаро вақте рӯ зад, ки Сулаймон Сафаров моҳи декабр ба барномаи “Ногуфтаҳо”-и журналист, шоир ва ровии шинохта Орзуи Исо бо дасти шикаста омад.  Табиист ки дасти бо латтаи сиёҳ басташудаи Сулаймон Сафаров таваҷҷуҳи Орзуи Исоро ҷалб кард ва мавзӯи асосии ин мусоҳибаи ихтисосиаш шуд. Орзуи Исо дар як барномаи дигари “Ногуфтаҳо” Михаил Ломоносовро ҳам даъват кард, то назари ҷониби дигарро ба асли ин моҷаро низ шунавад.

Сулаймон Сафаров қисса кард, ки дар як маҳфил ба масъалае, ки набояд дахл мекард, дахолат кардааст  ва асли масъаларо нофаҳмида бо як овозхоне, ки намешинохт, баҳс кардааст. Ин овозхон, тавре баъдан маълум шуд, Михаил Ломоносов будааст. Баҳси онҳо қариб ба кашокаш ва занозанӣ печидааст, вале атрофиён ба байн даромада, онҳоро аз якдигар ҷудо кардаанд. Бино ба нақли Сулаймон, дар лобалои ин часпуталош дасти ӯ ё ба миз зад  ваё шишае болояш афтид, ки дасташ дард баровард ва тавре баъдан ташхис нишон дод, шикаста будааст.

“Ман аввал дардро ҳис накардам ва дар он маҳфил гитара ҳам навохтам. Фақат фардо субҳ, вақте бедор шудам, дидам, ки дастам варам кардааст. Ба духтур рафтам ва гуфтам, ки бубинед, чӣ гап шуда бошад? Шояд шаб нодуруст хоб рафтаам. Баъди ташхис духтурон ба ман гуфтанд, ки дар куҷо хоб рафта будӣ, ки дастат шикастаасту нафаҳмидӣ?” – нақл кард Сулаймон.

Сулаймон Сафаров гуфт, сабаби вориди чунин гирудор шуданаш бо Михаил Ломоносовро хуб ёд надорад. Вале Михаил Ломоносов дар барномаи “Ногуфтаҳо” нақл кард, ки моҷаро вақте сар зад, ки ӯ дар саҳна таронаи “Очата бгӯ”-ро мехонд. Ба гуфтаи вай, гӯё Сулаймон ба матни вай эрод гирифтааст, ки гӯё Михаил он шаб банди “Очата бгӯ, дига мара кӯса нага” –ро хато хондааст.

Михаил мегӯяд, эроди Сулаймон асос надошт, вале байни онҳо муноқиша сар зад. Ӯ гуфт, ҷанҷоли онҳо то ба занозанӣ накашид, чунки дигар меҳмонони он маҳфил ба байн даромада, онҳоро халос карданд. Ба гуфтаи ин овозхон, дасти Сулаймон Сафаров ба болои миз зада шикаст.

“Ман ба вай гуфтам, ки Сулаймон, ин филми “Маска” нест, ин зиндагӣ аст, туро ҳам метавонанд бизананд”, – нақл кард Михаил.

Ҳарду ҳунарманд мегӯянд,  ки ин як “нофаҳмӣ” буд ва баъди ин моҷаро бо ҳамдигар суҳбат карда, ба гузашта салавот гуфтаанд.

Сулаймон Сафаров ҳунарпеша ва овозхони ҷавони тоҷик аст, ки тоза қадамҳои аввали худро дар саҳнаи ҳунар мегузорад.  Ӯ мегӯяд, падараш корманди баландпояи гумрук буд ва ӯ дар хонаводаи серу пур ба воя расида, аз даврони донишҷӯӣ тиҷорат мекард ва ҳатто се мошин дошт. Бо вуҷуди доштани волидони бонуфуз, Сулаймон ихтиёрӣ ба хидмат рафта, дар артиши Тоҷикистон хидмат кард.  “Ритми борон” маъруфтарин таронаи Сулаймон Сафаров аст, ки ба ҳайси саундтрек барои сериали “Маска” таҳия шудааст. Иҷрои нақши асосӣ дар ҳамин сериал ба Сулаймон Сафаров маъруфият овард.

Михаил Ломоносов дар асл Нусратуллои Иноятулло ном дошта, дар шаҳраки Ломоносов дар канори шаҳри Кӯлоб ба воя расидааст ва азбаски қиёфааш хеле ба русҳо шабоҳат дошт, ӯро ҳама Михаил мегуфтаанд. Насаби Ломоносовро ӯ аз номи шаҳраки зодгоҳаш ба номи саҳнавии худ илова кардааст.

Михаил Ломоносов маълумоти вижаи мусиқӣ надорад, Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси барномасоз, хатм кардааст. Ӯ роҳашро ба саҳнаи эстрада бо чанд дуэт ҳамроҳи овозхони таронаҳои ҳаҷвӣ Бобои Файз шурӯъ кард, ки машҳуртаринаш, албатта, таронаи “Очата бгӯ” буд.  Бисёриҳо ҳатто фикр мекарданд, ки Михаил писари Бобои Файз бошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button