СӮХТОР ДАР ҚАҲВАХОНАИ МАШҲУРИ “НАСИМИ БАҲОР” ДАР ХУҶАНД (АКС+ВИДЕО)

Рӯзи 2 январ қаҳвахонаи маъруфи “Насими Баҳор” дар кӯчаи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд б коми оташ рафт. Бино ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, сӯхтор тақрибан соати 11:00 сар задааст.
Фирдавс Бобоҷонов, нозири Раёсати сӯхторнишонии Суғд ба “Спутник” гуфт, алангаи оташ дар масоҳати 160 метри мураббаъ доман паҳн карда, аз ҷониби оташнишонҳо сари вақт хомӯш карда шудааст.
“Бо сар задани ҳодиса мошинҳои сӯхторнишонии ҳам шаҳрӣ ва ҳам вилоятӣ саривақт ҳозир шуда, давоми 40 дақиқа тавонистанд алангарон хомӯш кунанд”, – хабар додааст Бобоҷонов.
Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ба эҳтимоли ғолиб аз ҳисоби нодуруст истифода кардани дудбарои макони сихкабобпазӣ сар задааст.
Дар вақти сӯхтор чанд мизоҷ дар толорҳои “Насими Баҳор” қарор доштанд, ки сари вақт ба ҷойи амн кӯчонида шудаанд ва хушбахтона ба касе аз онҳо ва ҳам кормандони қаҳвахона осеб нарасидааст. “Айни ҳол хисороти расида ҳисоб карда мешавад. Хушбахтона дар пайи ин ҳодиса ба кормандон ва мизоҷони қаҳвахона зараре нарасидааст”, – афзуд Бобоҷонов.
Қаҳвахонаи “Насими Баҳор” ба соҳибкор Насимҷон Миршаробов тааллуқ дошта, яке аз машҳуртарин қаҳвахонаҳои Хуҷанд ба шумор меравад.
Дар соли нави 2022 ин аввалин ҳодисаи сӯхтор дар Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд аст.
Манбаъ: https://sputnik-tj.com/20220102/sukhtor-qahvakhona-khujand-1044575575.html
