ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД БАШИДДАТ БАСТА ШУД

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи пулакии Тоҷикистон, шаби 1 ба 2 январ хабар дод, ки “бинобар бениҳоят шадид будани бориши барф, бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан боздошта шуд.”
IRS афзуд, “дар ин марҳила кормандони филиали Ширкат роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуда истодаанд. Оид ба ҳолати роҳ иловатан маълумот медиҳем.”
Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки тибқи пешбинии ҳавошиносон, то 5 январ дар водиҳои ҷумҳурӣ боридани борон ва дар манотиқи кӯҳистон боридани барф дар назар дошта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ахиран аз ронандагон хост ба далели якбора сард шудани ҳаво ва боридани барфу борон аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурат ба сафар набароянд. Бавижа бо роҳҳои кӯҳистон.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой сохта ва навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд.