АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РУСИЯ БАРОИ ТАҚВИЯТИ ПОЙГОҲАШ БА ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 50 МОШИНИ ҶАНГӢ ФИРИСТОД

 Вазорати дифои Русия рӯзи 2 январ хабар дод, ки пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро дар соли 2021 бо беш аз 50 техниками ҳарбии муосир тақвият додаанд.

“Тибқи нақша, ба пойгоҳи 201 тонкҳои муосири Т-72Б3М, зиреҳпӯшҳои муосири БМП-2М, устохонаҳо, маҷтамаъҳои сайёри мушакии “Верба”, автоматҳои “Калашников” АК-12, камонҳои снайперии муосири “Корд”, огнемётҳои навтарин, пулемётҳои “Утёс”, маҷтамаи ҷосусии “Аистёнок” фиристода шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати дифои Русия.

Қаблан гуфта мешуд, ки то поёни соли 2021 ба пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дастикам 30 тонки насли нав мефиристанд.

Навсозии таслиҳоти пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар пасманзари шадидан тағйир ёфтани вазъ дар Афғонистон сурат мегирад. Моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон баъди хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ қудратро ҷангиёни ҳаракати тундрави Толибон соҳиб шуданд.

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия таъсис ёфта, соли 2012 замони будубошаш то соли 2042 тамдид карда шуд. Ин пойгоҳ бо беш аз 6 ҳазор аскару афсар, ки дар ду гарнизон дар Душанбе ва Бохтар мустақар шудаанд,  бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия ва ҳамчунин бузургтарин пойгоҳи ҳарбии хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Моҳи июли соли 2021пойгоҳи 201-ум бо 17 мошини зиреҳпӯши муосири БМП-2, моҳи август бо маҷтамаъҳои сайёри мушакии “Верба”, автоматҳои “Калашников” АК-12, камонҳои снайперии муосир, огнемётҳо (оташандозҳо) ва маҷтамаъҳои мушакҳои зиддитонкии “Корнет” мусаллаҳ гардонда шуда, моҳи сентябр ин пойгоҳ соҳиби пулемётҳои қутраш бузурги “Утёс” шуд.
Ҳамин тавр, дар соли 2020 пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо ҳудуди 20 техникаи муосир, аз ҷумла чархболҳои Ми-8-МТВ5-1 ва зиреҳпӯшҳои БМП-2М тақвият дода шуда, дар поёни соли 2019 дар ин пойгоҳ дивизиони сипарҳои мушакии С-300ПС ба навбатдорӣ сар карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button