ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТаърихФарҳангЧеҳраҳо

ОВОЗХОНИ ШУҲРАТЁРИ ТОҶИК НУҚРА РАҲМАТОВА БА СИННИ 80 РАСИД! (ВИДЕО)

Нуқра Раҳматова, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ба синни мубораки 80 расид! Нуқра Раҳматова 2 январи соли 1942 дар деҳаи Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, яке аз матраҳтарин хонандагони тоҷики нимаи дуюми асри 20 эътироф шудааст. Садои ӯро сопранои лирикӣ қаламдод мекунанд ва Нуқра Раҳматова ҳам бештар дар иҷрои таронаҳои лирикӣ забардаст буд.

Нукра Раҳматоваро таронаи “Наргис” бар матни Меҳмон Бахтӣ ва оҳанги Хайрулло Абдуллоев машҳур кард. Шуҳрати ин тарона дар солҳои 70 ба ҳадде боло рафта буд, ки  агар дар оилаҳо духтар ба дунё меомад, Наргис номаш мекарданд.

“Аз дур ошёни туро ёд мекунам” яке дигар аз шоҳкорҳои ин ҳунарманди забардаст буд, ки дар фонди тиллоии мусиқии тоҷик сабт шудааст. Як шоҳкори дигаре, ки Нуқра Раҳматова ҳамроҳ бо Улфатмо Мамадамбарова ва Майсара Дилдорова иҷро кардааст, таронаи мондагори “Нозанин ёри ман” аст. Ва, албатта, “Тоҷикистон, шукри обат”, шоҳкори дигари Нуқра Раҳматова, ки то кунун яке аз беҳтарин таронаҳои ватандӯстона дар васфи Тоҷикистон шумурда мешавад.

Нуқра Раҳматова дар филми “Коваи оҳангар” низ нақши духтари кӯҳистониро иҷро кардааст. Дар яке аз мусоҳибаҳояш ӯ қисса кард, ки маҳз ҳангоми таҳияи ҳамин филм бо шавҳари ояндааш шинос шуд ва се фарзанд: ду духтар ва як писар меваи ин ишқи онҳост.

Нуқра Раҳматова дар он мусоҳибааш бо “Азия Плюс” дар соли 2019 гуфтааст, ки “бисёр мехостам, ки аз нуҳ набераам ягон нафараш роҳи маро интихоб кунад. Аммо афсӯс, ки касе аз онҳо инро интихоб накарданд. Фарзандонам ҳам роҳи худро интихоб карданд: духтари калониам – иқтисодчӣ, писарам факултаи молия ва қарзи ДМТ-ро хатм кард, духтари хурдиам мутахассиси забони англисӣ аст.”

Нуқра Раҳматова дар суҳбаташ гуфта буд, аз овозхонҳои насли нав Нигина Амонқулова ва Дилором Қурбоноваро ва аз ғизоҳо оши палавро дӯст медорад, ҳам омода кардан ва ҳам тановулашро. Дар зирбак бештар нахӯд ва зардчӯба меандозам”, нақл карда буд ӯ.

“Дурӯягиро таҳаммул надорам. Одатан суханеро мегӯям, ки дар забон дорам. Ҳамеша рӯйирост гап мезанам. Некиро беҳтарин хислати инсон медонам. Агар инсон некхоҳ бошад, ҳамаи норасоии ӯро нодида гирифтан мумкин аст”, гуфта буд Нуқра Раҳматова ва дар посух ба ин ки оё аз зиндагиаш розист, гуфт, “агар имкони такрори зиндагӣ фароҳам гардад, онро тавре зиндагӣ мекунам, ки зистам. Чизеро тағйир намедиҳам, ҳамон тавре мегузорам, ки зистаам.

Муҳаммади Султон, собиқадори КГБ Шӯравӣ дар хотироташ навиштааст, ки роҳи эҷодии Нуқра Раҳматова дар даврони СССР чандон ҳамвору бемамониат набуд. Ба навиштаи Муҳаммади Султон, Нуқра Раҳматоваро ба пойбандӣ ба мазҳаби исмоилия айбдор карданд ва ин иттиҳом боис шуд, ки номзадии ӯро аз дарёфти унвони Ҳунарманди мардумии СССР хат бизананд.

“Бори дигар нусхаи мактуби ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсолнамудаи Кумитаи бехатариро бодиққат аз назар гузаронда, аз мазмуни он ҳайратзада гаштам. Чун қоидаи маъмули он давр маълумотнома бо забони русӣ иншо гашта буд ва хабар медод, ки овозхони машҳур – сарояндаи оркестри асбобҳои мардумии Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова чанд моҳи охир барои табобати касалии асаб корро як сӯ гузошта ба Бадахшон раҳсипор гаштааст, то ки бемориашро «бо усули исмоилӣ» табобат намод. Баъдан ин ҷумла аз он аснод дар хотираам сахт нақш баста монд: «Сейчас Нукра Рахматова находится в Бадахшане и принимает меры для лечения своей болезни в духе исмаилизма…» Баъди муддате маъракаи ба унвони «Ҳофизи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ» пешниҳод намудани овозхонҳои машҳури кишвар оғоз мегашт, ки номзадии Нуқра Раҳматова дар ҷойи аввал меистод. Вале муаррифиномаи «В духе исмаилизма…» – и КГБ аллакай корашро карда, тақдири ӯро пешакӣ ҳал намуда буд”, навиштааст Муҳаммади Султон дар ёддоштҳояш.

Мухаммади Султон

Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

КГБ: В ДУХЕ ИСМАИЛИЗМА…
19.08.2017

ЧАРО НУҚРА РАҲМАТОВА ҲУНАРПЕШАИ МАРДУМИИ СССР НАШУД?

Охирҳои солҳои 70 – уми асри гузашта ба оғози фаъолиятам дар Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон рост омад. Се моҳи аввали кор шиносоӣ бо бойгонии шӯъба, услуби навишти коғазҳои зарурии махфӣ ва ҷо ба ҷо гузоштани онҳо, тарзи коргузории махфӣ, муомила бо аснодҳои маҳфуз дар сандуқи оҳанӣ ва ғайраҳо гузашт.
Аснодҳоро варақ зада, ба як маълумотномаи ваколатдори пешина дучор омадам, ки аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи бехатарии давлатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардида буд ва он беихтиёр диққати маро ба худ кашид. Сухан оиди овозхони машҳуру босалиқаи ҷумҳурӣ Нуқра Раҳматова мерафт, ки он замон бе муболиға ҳамагӣ шефтаи сурудҳои рангину овози ҷозибадори ӯ гашта буданд. Азбаски қаблан бо Нуқра Раҳматова дар Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон якҷо кор мекардем ва ӯро аз наздик ҳамчун инсони чун чашмаҳои муҷаллои диёраш поку соҳибэҳтироми умум мешинохтам, зери назари КГБ буданаш ҳайратамро дучанд афзуд.

Солҳои тӯлонӣ ин чеҳраи басо дилкашу нуронӣ ва шиносу гиромӣ дар саҳнаи ҳунар овозхонӣ дошт. Овози дилошӯбу форами Нуқра на танҳо мақбули тамошобинони тоҷик гардида буд. Сабку равияи нотакрор, сурудҳои хушоҳанги замонавӣ, маҳорати баланди сарояндагиаш дили ҳазорон мухлисонашро на танҳо дар Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, балки чандин мамолики Шарқу Ғарб низ шодию тараб мебахшид. Сафарҳои ӯ дар ҳайҳати дастаҳои ҳунарӣ ба шаҳрҳои бешумори Иттиҳоди Шӯравӣ, Булғористон, Афғонистон, Муғулистон, Арабистон, Сурия, Тунис, Ироқ, Эрон, Туркия, Ҷопон ва ғайраҳо сафи мухлисонашро дучанд гардонда буд. Мардум дар иҷрои ӯ сурудҳои хушоҳанги тоҷикию афғонӣ, туркманиву русӣ, озариву арабиро шунида, ба садои хушу ширадораш мафтун мегаштанд. Филм – консерти «Ман аз Бадахшон», ки соли 1974 – ум ва баъдҳо тавассути Телевизиони Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо ба намоиш гузошта шуда буд, симои ин ҳунарманди босалиқаи тоҷик, ҳунари нотакрори ӯ ва обу хоки диёри дӯстдоштааш Тоҷикистонро ба пуррагӣ муаррифии ҷаҳониён намуд. Нуқра Раҳматова беш аз бист сол ба ҳайси сарояндаи Ансамбли ҳофизони мақомхони Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард. Гарчӣ хондани сурудҳои «Шашмақом» ба ӯ, ки завқу сабкаш аслан бо таъсири сурудҳои фолклорӣ ва муосири мардуми Бадахшон ташаккул ёфта буданд, ба осонӣ ба даст намеомад, ӯ дар баробари дугонаҳои машҳури шашмақомхонаш Мастона Эргашева, Нигина Рауфова, Улфатмо Маҳмадамбарова Маҳбуба Боирова ва дигарон яке аз мақомхонҳои беҳтарин ба шумор мерафт. Соли 1974 – ум ба гирифтани унвони «Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баъдан соли 1977 сазовори унвони фахрии «Ҳофизи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардида буд…

Бори дигар нусхаи мактуби ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсолнамудаи Кумитаи бехатариро бодиққат аз назар гузаронда, аз мазмуни он ҳайратзада гаштам. Чун қоидаи маъмули он давр маълумотнома бо забони русӣ иншо гашта буд ва хабар медод, ки овозхони машҳур – сарояндаи оркестри асбобҳои мардумии Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова чанд моҳи охир барои табобати касалии асаб корро як сӯ гузошта ба Бадахшон раҳсипор гаштааст, то ки бемориашро «бо усули исмоилӣ» табобат намод. Баъдан ин ҷумла аз он аснод дар хотираам сахт нақш баста монд: «Сейчас Нукра Рахматова находится в Бадахшане и принимает меры для лечения своей болезни в духе исмаилизма…»
Шояд дар дигар ҳолат ба ин санад аҳамияте намедодам, зеро он аз коғазҳои дигари мӯҳри махфӣ дошта фарқе надошт. Танҳо як сабаб боис гашт, ки ба ин навиштаҳо ба чашми дигаре назар созам. Баъди муддате маъракаи ба унвони «Ҳофизи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ» пешниҳод намудани овозхонҳои машҳури кишвар оғоз мегашт, ки номзадии Нуқра Раҳматова дар ҷойи аввал меистод. Вале муаррифиномаи «В духе исмаилизма…» – и КГБ аллакай корашро карда, тақдири ӯро пешакӣ ҳал намуда буд.
Аслан истилоҳи «в духе исмаилизма» маънии муайяне надошт ва онро ба маънои манфӣ ҳангоме ба кор мебурданд, ки гӯё шахсе пойбанди ақоиди мазҳаби исмоилияи дини ислом бошад. КГБ – и он замона дар қатори дигар мазҳабҳо исмоилияро низ сахт таъқиб мекард. Баъдан тӯли чоряк асри дар сохторҳои амниятӣ кор карданам ба хулосае омадам, ки чунин бадбинӣ нисбати пайравони мазҳаби исмоилияро на Маскав, балки маҳалгароёни худӣ ба роҳ мондаанд. Таҳкурсии онро охирҳои солҳои 30 – юми асри гузашта элитаи роҳбарикунандаи хуҷандии кишвар гузошта буд, ки намояндагони Бадахшонро ҳарифи майдони сиёсат меҳисобид ва аз онҳо сахт меҳаросид. Бадахшонзамин нисфи ҳудуди ҷуғрофии Тоҷикистонро ишғол карда, баъди солҳои 50 – уми қарни гузашта кадрҳои шоиставу лоиқеро ба воя расонд, ки новобаста аз нуфузи аҳолиаш, метавонистанд бо кӯмаки Маскав сари қудрат оянд.
Гузашта аз ин, агар саҳифаҳои таърихро варақгардон карда, ба онҳо нек назар андозем, дармеёбем, ки исмоилия чун фирқаи равияи шиа дар хилофати араб ҳанӯз асри VII – замони зиндагонии чаҳорумин намояндаи хулафои Рошидин – Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб – амакбача ва домоди Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) зуҳур карда, баъдан (қарнҳои Х – ХII) ба як ҷараёни пурқуввати афкори ҷамъиятӣ табдил ёфта буд. Рӯҳияи озодипарастӣ, майли ҷудошавӣ аз хилофат ва тамаддуни бегонаи аъроб, ҳифзи ойину маърифат ва ақидаву ҳикмати хеш мардуми ориёитаборро бо аҳли исмоилия хеле қарин карданд. Ташкили давлати исмоилии Аламут дар Ирон бо сарварии Ҳасани Саббоҳ, ки 165 сол дар иҳотаи душманони ҷону моли мардуми ориёинажод, вақте хамагон дар атроф сархаму коматшикаста буданд, – байни тоифаи туркони ҷигархору муғулҳои ваҳшии саҳрогарди чингизӣ тавонист афкори иҷтимоиву фалсафии хешро ҳифз намояд ва оқибат – пас аз хиёнатҳои пайдарҳами ноҷавонмардонаи худиву бегона аз миён бардошта шуд, яке аз баландтарин музаффарияти пайравони тариқаи исмоилия буд. Баъди ин аз ҷониби турку муғул ошкорову ниҳон таъқибу таҳдид, бераҳмонаю ваҳшиёна қатл гаштани ҳазорон пайравони ин мазҳаб оғоз гардида, тӯли асрҳои баъдина оқибат онро саркӯбу парешон сохтаву ба боди фано бурд…
Замони ҳукмронии Ҳукумати Шӯравӣ таъқибу таҳрифи тариқаи равияи исмоилия дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти НКВД охирҳои солҳои 30 – юм ва аввали солҳои 40 – уми асри гузашта ибтидо мегирад. Аз ин амал ҳатто маъруфтарин олимони давр дар канор намондаанд. Навиштаҳои бешумори яке аз онҳо алайҳи мазҳабе, ки ҳазорсолаҳо қабл арзи вуҷуд карда буду ӯ онро чун «секта» маънидод мекард, оқибат ба «кори илмӣ» мубаддал гаштаву оғози солҳои 50 – уми асри гузашта ӯро соҳиби унвони номзади илмҳои таърих гардонд.
Аз Академияи улуми Тоҷикистон то Китобхонаи миллии кишвар, инчунин бойгониҳои Кумитаи амнияти миллӣ – хуллас ҳама ҷоро тагурӯ кардем, вале аз «шоҳасар» на пай ёфтему на ҳайдар. Ба ҳар эҳтимол, шояд баҳри дар хиҷолат намондани олими намоёну сиёсатмадори машҳур саривақтӣ онро ба фано маҳкум карда бошанд… Вале «в духе исмаилизма…», мутаасифона, ҳанӯз ҳам побарҷост.

Аммо баргардемсари қазия.Масоили муддате гӯё ба касалӣ мубтало гаштани Нуқра Раҳматова таърихи худро дошт, ки онро хеле барвақт – ҳанӯз охирҳои солҳои 70 – ум, ҳангоми дар Саридораи гуфторҳои адабӣ – драмавии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон кор карданам, аз ҳамкорону ҳамдиёронаш Боймуҳаммад Ниёзов, Нигина Рауфова, Обид Ҳомидов, Орифшо Орифов, Ҳалима Насибуллина, Хурмои Ширин, Муборакшо Ҷумъаев (хонаи охираташон обод бод!), Зебо Аминзода, Улфатмо Маҳмадамбарова, Маҳбуба Боҳирова ва дигарҳо борҳо шунида будам.
Мухтасари ин қисса чунин аст: моҳи ноябри соли 1977 – ум Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар кишвари Ироқ, ки маъракаи ҷавобии ҳунармандони тоҷик маҳсуб меёфт, баргузор гардид. Маҳмудҷон Воҳидов барандаи ин маҳфилҳо таъйин гашта буд. Гурӯҳро Ҷамшед Каримов – корманди Идораи банақшагирии давлатии Тоҷикистон (Госплани Тоҷикистон) сарварӣ мекард. Дар ҳайҳати он Мағфират Каримова – раиси Кумитаи дӯстӣ ва ҳамрайъӣ бо мардуми мамолики Осиёву Африқо, ҳунарпешагон Лутфӣ Кабирова, Ҷурабек Муродов, Зебо Аминзода, Нуқра Раҳматова, Фирӯза Аюбҷонова ва гурӯҳи ромишгарон шомил буданд. Вақте рӯзҳои нахуст Маҳмудҷон Воҳидов ғазалҳои Рӯдакӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонову Ҷомӣ ва дигар нобиғаҳои форсу тоҷикро ба забони арабӣ қироат мекард, анбӯҳи бузурги дар толор нишастагон ҳамагӣ аз ҷой бархоста, Маҳмудҷонро рӯйи даст мебардоштанд ва баланд садо медоданд: «Зинда бод Воҳидов! Воҳидов!!!»…
Аз рӯи гуфти завҷаи Маҳмудҷон – Дилрабо Саидмуродова қабл аз ин ҳунари сафарии охирини умраш, ӯ нотоб буд. Вале таклифи оилаашро оиди даст кашидан аз сафари Ироқ рад кард. Маҳмудҷон шаби 8 – ум ба 9 – уми ноябри соли 1977 дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Бағдод бо ин ҷаҳони ноободу номеҳрубон падруд гуфт. 14 – уми ноябр завҷааш Дилрабо Саидмуродова рӯзи мавлуд дошт ва Маҳмудҷон қавл дода буд, ки то ин рӯз, албатта, расида меояд. Барои аҳли хонадон аз ин баъд танҳо табассуми ширини пешазсафарии Маҳмудҷон ҳамсафари абадӣ гардид…
Аҳли ҳунари ба Ироқ сафарнамударо роҳбарони гурӯҳ то рӯзи охирин аз ин ҳодисаи мудҳиш огоҳ накарданд. «Маҳмудҷон нотоб асту дар дармонгоҳи ироқӣ табобат гирифта истодааст», – мегуфтанд ба онҳо. Танҳо ҳангоми ба фурӯдгоҳи Маскав наздик омадани тайёра эълон намуданд, ки Маҳмудҷон Воҳидов ҳамроҳашон ба Ватан баргашта истодааст. Дар ҳуҷраи дигару даруни қутии кафанпеч ба хоби абад рафтааст. Шӯру валвала, рӯканиву мӯканӣ, фарёду фиғон аз тайёра ба само мепечад…
Воқеан, чуноне ки он солҳо маъмул ва ҳатмӣ буд, гурӯҳи ҳунариро ба кишвари Ироқ корманди Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон – майори хадамоти амният, яке аз дӯстони наздикам, ки чанд сол ҳамроҳ дар як шӯъба кор мекардем, роҳбалад буд. Абдурасул (номашро бо сабабҳои муайян тағйир додаем М. М.) ба ҳайси корманди масъули Вазорати маданият дар тамоми маҳфилу маъракаҳои баргузоргашта ширкат варзид. Вале масъалаи марги нобаҳангоми Маҳмудҷон Воҳидовро дар сӯҳбатҳо ӯ як ҳодисаи таасуфангези ғайричашмдошт меҳисобид. Беш аз ҳисоботи тафтишоти пулиси шаҳри Бағдоду тафсири ҳамроҳону роҳбарони гурӯҳ чизи бештареро илова карда наметавонист. Ба қавли ӯ марги Маҳмудҷон ҳодисаи сирф тасодуфӣ буд ва каси дигаре дар ин фоҷиа гунаҳкор нест.
Баъди ин фоҷиа, ки аксари кулли ширкаткунандагонаш зиёиёни эҷодкор буданд, бештаринҳо ба касалиҳои «стрессу» «шок» (ҳолати садамоти сахт) мубтало гаштанд ва вазъи саломатиии чанде аз онҳо рӯ ба вазнинӣ овард. Нуқра Раҳматова аз ҷумлаи онҳо буд. Ӯ чанд муддат хотирпарешон метофт, ба хаёл фурӯ мерафт, табассуму ханда чеҳраи ӯро батамом тарк карда буданд. Бо исрори хешу пайвандон ва ҳамкорон ба чандин табобатгоҳҳо муроҷиат намуд, вале вазъи саломатиаш ҳеҷ беҳбудӣ намеёфт. Барои оромиву таскини хотир рухсатӣ гирифта, муддате ба зодгоҳаш – ноҳияи Рӯшони Бадахшон баргашт. Баробари чораҳои дигари табобатӣ шояд ба халифаҳои маҳаллӣ (муллоҳо) низ муроҷиат карда бошад. Ин амал барои онҳое, ки дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (агарчӣ Нуқра аъзои ҳизб ҳам набуд) ва Кумитаи бехатарии давлатӣ нишаста пайт меҷустанд, то номашро ба рӯйихати унвонгирандагони «Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ» роҳ надиҳанд, тӯҳфаи худодод ҳисоб меёфт. Акнун кафлес дар дасти бибикалон фарох – фарох алвонҷ мехӯрд. Муддате нагузашта мувофиқи табъи дили иддае аз соҳибмансабони ҳизби ҳоким (ва шояд фармойиши онҳо) Кумитаи бехатарӣ ба унвонашон мактуберо, ки мо «В духе исмаилизма…» ном ниҳодем, ирсол намуд. Ба ҷойи ӯ ҳамон замон номзадии фарди дигареро пешниҳод намуданд. Бояд эътироф намуд, ки ин номзад – инсони хушсалиқаву ҳунарманд низ дар ҷодаи ҳунар хизмати босазое карда буд ва муҳимтар аз ҳама ҳамдиёри онҳое буд, ки дар мақомотҳои баланд аксариятро ташкил медоданд.

Нуқра Раҳматова, ки офаридагор ба ӯ ҳусну ҷамоли худодод ва овози дилошӯбу фораму ширадор ато намудааст, аз каҷравии як зумра каҷравони маҳалгаро рӯҳафтода нагардид. Суруду таронаҳои аз қалби чун булӯри мусаффои кӯҳии диёри зебоманзараш фавворасон баромада, баъди чунин зарбаи ҷонкоҳи номардона ҳам тавассути радиову телевизиони тоҷик ба тамоми гӯшаву канори кишвар танин меандохт. Ҳангоми мулоқотҳои зиёде бо роҳбари онвақтаи Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, яке аз забардасттарин журналистони тоҷик, шодравон Ғойиб Назарович Қаландаров, ӯ борҳо таъкид намуда буд, ки «ҳукуматдорон Нуқра Раҳматоваро беҳуда сахт ранҷонданд».
– Мо баъди чунин амал се бори дигар номзадии Нуқраро барои ба ин унвони «Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ» соҳиб гаштан пешниҳод намудем. Вале ҳар се бор ҳам аз боло ҷавоби рад омад. Яке аз кормандони ҳизбӣ дар КМ ҲК Тоҷикистон ба таври махфӣ ба ман хабар дод, ки «кадом соле дар борааш КГБ мактуб ирсол намудааст». То ба ҳол дар ҳайратам, ки КГБ ба Нуқра, ба ин олиҳаи покиву иффат чӣ коре дорад?
– Ман ҳам ҳайронам, Ғойиб Назарович, – ҷавоб гардондам, – агарчӣ аз асли воқеа ба хубӣ воқиф будам.
-Аз шумоҳо, сарбозҳои Феликс Дзержинский ҳеҷ чизро фаҳмида намешавад, – нимҷиддиву нимшӯхӣ такбассумкунон посух дод Ғойиб Назарович.
Воқеан, замони Шӯравӣ соҳиби унвони «мардумӣ» шудан кори осон набуд. Ин унвон бо Қарори Кумитаи Марказии Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1936 муқаррар гардид. Он барои намояндагони барҷастаи соҳаи театр, мусиқӣ ва кино пешбинӣ шуда, ба ҷуз аз шаъну шуҳрату эътибор, ҳамчунин манфиатҳои муайяни моддиро низ дошт. Ҳангоми сафарҳои ҳунарӣ барои Ҳунарпешаи мардумии СССР дар қатораҳо вагони мулоими хобӣ, дар меҳмонхона ҳуҷраи «люкс», инчунин ба таври расмӣ масоҳати калонтари манзилгоҳ, бӯстонсаройи давлатӣ, хизмат дар муолиҷахонаҳо ва осоишгоҳҳо, барои то коргоҳ бурдан ва ба ҷойи истиқомат баргаштан автомашинаи сиёҳи «Волга» муқаррар гардида буд. Дар кишвари мо нахустин шуда ба ин унвон моҳи апрели соли 1941 намояндаи машҳури санъати тоҷик – ҳунарпешаи Театри драмавии ба номи устод Лоҳутӣ Муҳаммадҷон Қосимов мушарраф гардид.
…Солҳо турнаосо пайи ҳам даргузаранд. Дар миён Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат бо ҳама ҳамҳамаву дамдамааш аз байн рафт. Замони соҳибистиқлолӣ фаро расид. Вале овози хуши Нуқра Раҳматова чун дигар ҳамкорони пешинааш ками андар кам аз барномаҳои фарҳангиву фароғатии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон садо медиҳад. Хуб мебуд агар кормандони ин муассисаҳо ҳофизони саввуму чаҳорумумдараҷаи серпулро як сӯ гузошта, ба ҷояшон завқи мардум, алалхусус ҷавононро бо суруду таронаҳои дилошӯбу тарабангези ҳофизоне чун Одинаи Ҳошим, Ҷӯрабеки Мурод, Зафари Нозим, Нуқраву Мастонаву Нигина, Сурайёи Қосим ва даҳҳо ҳампоягони онҳо тарбия намоянд. Ин амал хизмати ҳалолу ҳақиқии онҳо назди мардуми тоҷик хоҳад буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button