ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР 5 РӮЗИ АВВАЛИ МОҲИ ЯНВАР БАРФУ БОРОНРО ПЕШБИНӢ МЕКУНАНД

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар панҷ рӯзи аввали соли нав дар водиҳои ҷумҳурӣ бориши борон ва дар кӯҳҳо боридани барфро пешбинӣ мекунад.

Муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба хабаргузории “Ховар” гуфт, рӯзи 1 январ дар тамоми ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар водиҳо борон борида, дар доманакӯҳҳо борон ба барф мубаддал гардида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.

Ҷамила Байдуллоева

Вобаста ба ҳавои панҷ рӯзи аввали соли 2022 Ҷамила Байдуллоева зикр намуд, ки тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ, дар натиҷаи ҳаракат кардани сиклонҳо дар водиҳо асосан борон ва дар қисматҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар дошта шудааст.

“Рӯзҳои 3-4 январ дар якчанд ноҳияҳои мамлакат бориши бошиддати борон пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар қисми зиёди водиҳо шабона 2+4 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво рӯзона аз сабаби ҳаракат кардани сиклонҳои ҷанубӣ боиси намнокшавӣ ва боридани борон гардад ҳам, аммо дар панҷ рӯзи аввал ҳаво 8+13 дараҷа гарм мешавад”,– афзудааст Ҷамила Байдуллоева.

Дар қисматҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  5-10 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар ноҳияҳои баландкӯҳи ВМКБ ва дар қисматҳои шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button