Рӯйдодҳои БадахшонҶомеа

ВИДЕО: ҲАБСИ СОКИНИ ХОРУҒ БАРОИ АЛОМАТИ БАДАХЛОҚОНА БА СӮИ БИНОИ МИЛИТСИЯ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”  дар бораи муҷозоти ду сокини шаҳри Хоруғ барои қонуншиканиҳои маъмурӣ хабар дод. Ҳарду қонуншиканиро бар асоси сабти видеокамераҳои мушоҳидавии насбшуда дар кӯчаи  Шириншо Шотемур дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ошкор кардаанд.

Аз ҷумла сокини 46солаи шаҳри Хоруғро додгоҳ бо ҷурми майдаавбошӣ ба 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст. Ба гуфтаи мақомот,  Худоёрбеков Асадбек шаби 25 декабр бо ҳаракатҳои зиддиахлоқӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шириншо Шотемур монеа эҷод кардааст.

  Дар барномаи “Ахбори ВКД” гуфта шуд, ки ӯ ҳатто дасташро ба тарафи бинои шуъбаи милитсия карда, аломати бадахлоқона нишон додааст. Дар сабти баргирифта аз видеокамераҳои мушоҳидавӣ дида мешавад, ки Худоёрбеков  дар ҳоле ки мастомаст аз байни роҳи мошингард қадам мезад, пеши роҳи мошинҳоро мегирад ва бо дасташ ба тарафи як бинои рӯбарӯ ишораи дашном мекунад. Баъди ин амалаш, тавре дар видео дида мешавад, кормандони милитсия ба ҷои ҳодиса омада, Худоёрбековро дастгир карданд.

Худоёрбеков дар ин барнома аз кирдораш изҳори пушаймонӣ карда, гуфт, “ман сах пушаймонам ва аз ҷавонон даъват мекунам, ки арақ нахӯранд, чунки оқибат ба ягон бадбахтӣ мерасонад.”

Ҳамин тавр, як сокини ҷавони Хоруғ барои он ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карда шуд, ки шаби 19 декабр дар роҳи яхбаста  дар кӯчаи Шириншо Шотемур намоишкорона мошини тамғаи “Мерседес”ашро тоб дода, ба гуфтаи мақомот, ба ҳаёт ва саломатии худаш ва дигарон хатар эҷод кардааст.

Дар видеои нашршуда дар барномаи “Ахбори ВКД” дида мешавад, ки ронанда бо вуҷуди онки роҳро қабати ғафси барф пӯшондааст ва роҳ ях бастааст, мошинашро дар як ҷо чанд маротиба тоб медиҳад ва дигар воситаҳои нақлиёт ва раҳгузарон кӯшиш мекунанд, ки тибқи мақоли “аз девори каҷ ҳазар” аз ин мошин дуртар биистанд. ВКД низ ҳаракатҳои ронандаи ҷавонро “каҷрафторӣ”  ва “худнамоӣ барои нишон додани бартарии худ” номидааст.

Додгоҳи Хоруғ Алиназаров Муяссар, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хоруғбо ҷурми майдаавбошӣ маҳкум ба ҳабси маъмурӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button