ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ: ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ЯК ҲАМВАТАНИ ХУДРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ҲАМАГӢ 30 ҲАЗОР РУБЛ КУШТААНД

Ба ду муҳоҷири тоҷики зодаи Тоҷикистон дар Русия барои одамкушӣ ба хотири пул ҳамчун ҷазо то ҳабси абад таҳдид мекунад. Мурофиаи парвандаи Мурзулло Набижонови 21-сола ва Касир Раҳимов, ки ҳамагӣ 20 сол дорад, дар додгоҳи Новосибирск идома дорад. Онҳо дар қатли бераҳмонаи ҳамватанашон Салоҳиддинов  айбдор мешаванд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Набижонов, ки дар Новосибирск кори муайяне надошт, аз Салохиддинов 30 ҳазор рубл, муодили тақрибан 400 доллар, қарз гирифтааст. Вақте ки фурсати пас додани қарз расид, Набижонов ба хотири онки пулро барнагардонад, дар фикри аз байн бурдани Салохиддинов ва бо ин роҳ ҳал кардани масъалаи қарзаш шудааст.

Набижонов ба ин мақсад Касир Раҳимовро ҳамроҳ гирифта, рӯзи 17 декабри соли 2020 мошини як шиносашонро барои як рӯз мегиранд ва бо роҳи фиреб, Салоҳиддиновро бо ваъдаи ин ки ӯро ба як бонки хурд бурда, қарзашро гирифта медиҳанд, ба мошин савор мекунанд. Вале ба ҷои бонк онҳо Салоҳиддиновро бо мақсади куштан ба берун аз шаҳр бурдаанд.

Ирина Балаганская, прокурори аршади шуъбаи айбдоркунандаҳои давлатӣ дар прокуратураи вилояти Новосибирск мегӯяд: “Онҳо бо мақсади амалӣ сохтани нақшаи худ, Салоҳиддиновро ба мавзеи Алексеевка дар канори деҳаи Верх-Тула бурда, ба аъзои бадан ва гардани вай бо корд ва як ашёи джигари ба сифати силоҳ истифодашаванда зарбаҳои зиёд задаанд. Ҷасади хуншори Салоҳиддиновро онҳо дар ҳамон ҷо, дар канори роҳ дар рӯи роҳ партофтаанд, ки бимирад, ва худашон ба Новосибирск баргаштаанд.”

Аҷиб он аст, ки дар рӯзи аввали мурофиа Набижонов ва Раҳимов аз додгоҳ талаб карданд, ки наворбардориро дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи онҳо иҷозат надиҳад. Онҳо гуфтанд, ки намехоҳанд, то дар бораи  аъмоли ҷиноии онҳо хешовандонашон дар Ватан хабар ёбанд. Боз ҳам аҷибтар қарори додрас буд, ки ваҷҳҳои овардаи айбдоршавандаҳоро пазируфт ва аз наворбардори ТВ Новосибирск хост, ки толори додгоҳро тарк кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button