ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

СУТУНМУҲРАИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ АЗ ДУ ҶО ШИКАСТААСТ

Хусрави Атовулло, як корбари фаъоли Фейсбук, ки бештар масоили марбут ба муҳоҷирони тоҷик дар Русияро пайгирӣ мекунад, хабар додааст, ки муҳоҷири тоҷик Абдуллоев Абдувалӣ, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд, ки дар яке аз дача ё бӯстонсароҳо дар вилояти Маскав кор мекард, ҳангоми тоза кардани барфи боми бинои бӯстонсарой аз нардбон афтида, сутунмуҳрааш аз ду ҷо шикастааст.

Ин муҳоҷири тоҷик ҳоло дар бемористони ба номи Боткини шаҳри Маскав бистарӣ карда шудааст.

“Духтурон амалиёти тиббии фавриро зарур медонанд. Барои ин 500 ҳазор рубли русӣ зарур аст. Бо ширкати суғуртае, ки Сахарово додааст, муроҷиат кардем , онҳо гуфтанд, танҳо барои табобати бемориҳои сабук кумак мекунанду халос. Соҳиби дача як корманди ФСБ будааст, аз кумак даст кашид”,  – навиштааст Хусрави Атовулло.

Ӯ аз ҳамватанони дастбахайр хостааст, дасти ёрии худробарои ин муҳоҷири тоҷик, ки ба хотири як луқмаи нони фарзандонаш дар мулки ғурбат дучори чунин рӯзи сахт шудааст, дареғ надоранд

Рақамҳои телефони Абдувалӣ Абдуллоев+7 ( 991) 962-43-23

Рақами картаи Сбербанк: 5336690323643090

Ин ҳамватани мо дар ин шабу рӯз ба дастгирии мову шумо сахт ниёз дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button