ВарзишВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

САФВАТ БУРҲОНОВ: ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО ТАРБИЯ КУНЕД, НАШИКАНЕД!

Журналисти тоҷик Сафват Бурҳонов дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари зодаи Бадахшонро, ки рӯзи 30 декабр баъди ихроҷаш аз Русия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд, нашикананд. Ба ақидаи Сафват Бурҳонов, ҳар чизе, ки Чоршанбе Чоршанбиев дар бораи тоҷику помирӣ гуфтааст, аз сари ҷавонӣ гуфтааст.

Сафват Бурҳонов менависад: “Чоршанбе, пеш аз ҳама як ҷавони тоҷикистонист, ки дар берун худро сохт. То ҷое худро пайдо кард. Ӯро барои андешааш шикастан хуб коре нест. Андешаи ӯ ҳамин аст, ки худро тоҷик намешиносад. Пас чӣ? Кам нестанд касоне, ки худро мусулмон намешиносанд, бо онҳо чӣ кунем?

Ӯ меафзояд, ки дар Тоҷикистон ҳар кас ҳақ дорад, ки озодона дину миллати худро худаш интихоб кунад.

Аз тарафи дигар, менависад журналисти тоҷик, “то ҷое медонам, Чоршанбе ягон партия надорад, ягон кори ҷамъиятӣ барои шикастани пояҳои давлати Тоҷикистон накарда аст. Андешаи ҷудоихоҳӣ ва аз Тоҷикистон ҷудо кардани Бадахшонро ҳам нагуфта аст. Танҳо гуфта аст, ки ман тоҷик нестам. Ва дар Тоҷикистон барои андешаи шахсӣ касеро қонун ҷазо намедиҳад. Дигар ин, ки ӯро ҷамъияти худи мо чунин сохтаст. Худи мо ӯро тоҷик нею помирӣ тарбия кардем, худи мо ҷудояш кардем. Худи мо гуфтем, ки ту помирӣ ҳастӣ. Сеюм ин, ки андешаи одам догма нест, дигар шудан метавонад. Барои он, ки ҷавонони дигар помирию кӯлобию хуҷандию… нею, ман тоҷик гӯянд, онҳоро шикастан не, тарбия кардан даркор, онҳоро парвариш кардан даркор.”

Сафват Бурҳонов пешниҳод кардааст, ки Чоршанбе Чоршанбиевро ба ҷои ба пушти панҷара шинондан, барои тарбия ба ҷамоати Бадахшон вобаста кунанд. “Бовар дорам андешааш дигар мешавад. Роҳи Шириншо Шотемурро пеш мегирад. Ӯ як ҷавон аст, ки вақти омӯхтан надошт, зиндагияшро ба варзиш мегузаронд. Лекин агар бишкананд, андешаи инфиродии ӯро ҷамъиятӣ мекунанд. Нохудогоҳ ҷудоихоҳиро ногузир мекунанд. Ҷавононро бояд парвариш кард, на ин ки шикаст”, – навиштааст журналисти тоҷик.

Ёдовар мешавем, дар аввали моҳи декабр мақомоти ГИБДД (собиқ ГАИ) шаҳри Маскав размандаи поп-ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро баъди қариб ним сол бо баҳонаии ҳанӯз моҳи июл бо суръати баланд рондани мошин дастгир карданд ва додгоҳи ноҳияи Останкино ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро баровард ва 29 декабр баъди рад шудани шикояти Чоршанбиев аз сӯи додгоҳи шаҳри Маскав ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд. Чоршанбиевро дар фурудгоҳи Душанбе кормандони амният “пешвоз” гирифтанд ва бо худ бурданд.

Баъдтар додситонии ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки Чоршанбе Чоршанбиевро ба ҳабс гирифта, ба зиддаш бар асоси моддаҳои 189 ва 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо ва маҳалҳо ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Сухангӯи додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, чоршанбиев  “ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст.”

Қаблан манобеи гуногун хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон нисбат ба Чоршанбиев барои суханони ҷанҷолбарангезаш бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати байни маҳалҳо парванда кушодаанд. Моҳи июл Чоршанбиев ҳатто бо парчами Тоҷикистон акс гирифт, то сарусадоҳо дар бораи “ҷудоиталаб” будани худро рад кунад.

Чоршанбе Чоршанбиев дар варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button