ВарзишВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

PAMIR DAILY: ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО АЗ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ РОСТ БА КДАМ БУРДАНД

Сомонаи мустақили хабарии Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 30 декабр хабар дод, ки размандаи маъруфи поп-ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро шаби 30 декабр аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ (депортатсия) кардаанд. Бино ба иттилои манобеи ин нашрия, варзишгарро дар фурудгоҳи Душанбе кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пешвоз гирифтаанд ва барои “суҳбати профилактикӣ” ба ин идора бурдаанд.

 “Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи манобеи мо, Чоршанбиев дар Душанбе дар бинои КДАМ қарор дорад. Ба наздикони Чоршанбиев гуфтаанд, бо ӯ “суҳбати профилактикӣ” мегузаронанд ва сипас ҷавобаш медиҳанд. Вале онҳо тарс доранд, ки ӯро метавонанд шиканҷа диҳанд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Тафтиши ин хабар тавассути манобеи дигар ҳанӯз муяссар нашудааст. КДАМ дар ин бора то ҳол шарҳе надодааст. Вале қаблан манобеи гуногун хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон нисбат ба Чоршанбиев барои суханони ҷанҷолбарангезаш бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати байни маҳалҳо парванда кушодаанд. Моҳи июл Чоршанбиев ҳатто бо парчами Тоҷикистон акс гирифт, то сарусадоҳо дар бораи “ҷудоиталаб” будани худро рад кунад.

Ёдовар мешавем, додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр шикояти Чоршанбе Чоршанбиевро рад кард ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Останкино дар мавриди ихроҷи ин варзишгар аз Русияро бетағйир боқӣ гузошт. Ба ин тартиб, қарори ихроҷи ин варзишгари зодаи Бадахшон қувваи қонунӣ гирифт ва шабакаи РЕН ТВ хабар дод, ки бино ба маълумоти бадастовардааш, Чоршанбиевро алакай  шаби 29 ба 30 декабр ба Тоҷикистон мефиристанд.

Додгоҳи Останкино рӯзи 6 декабр ҳукми  маҷбуран аз Русия берун кардан (выдворение)-и Чоршанбе Чоршанбиевро баровард. Додгоҳ ӯро бар асоси қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор шинохт ва  5 ҳазор рубл ҷарима ҳам баст. Аз рӯзи судури ҳукм то замони берун карданаш аз Русия, Чоршанбиев дар боздоштгоҳи Сахарово нигоҳ  дошта мешуд.

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 3 декабр барои бидуни ҳуҷҷати ронандагию суғурта ва бо суръати баланд рондани мошин дар шаҳри Маскав дастгир шуд. Хадамоти матбуоти ГИБДД (БДА) Маскав хабар дод, ки Чоршанбиев ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортово қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда, ба болои ин,  ин лаҳзаро сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

“Дар ҷараёни мониторинги Интернет мо видеоҳоеро пайдо кардем, ки як ронанда бо мошини “Тойота Камри” ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортовл  чандин бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, ба ҳаёт ва саломатии ронандагони дигар хатар эҷод мекунад. Шахсият ва макони будубоши ин ронанда муайян карда шуд. Ӯ дар километри 92-юми тарафи берунии МКАД (роҳи ҳалқаии атрофи Маскав) дастгир гардида, барои расидагии минбаъда ба шуъбаи ГИБДД дар ҳавзаи Ҷанубу Шарқӣ дастрас карда шуд”, –  гуфта мешуд дар иттилоияи ГИБДД.

Телеграм-канали 112  видеои лаҳзаи бо суръати баланд дар нақби Лефортово мошин рондани Чоршанбе Чоршанбиев ва ҳам сабти бозпурсии ӯ дар пулисро нашр кард. Маълум шуд, ки ин кор ҳанӯз 20 июл рӯй дода будааст. Пулис аз Чоршанбе пурсид, ки кӣ ӯро ба рондани мошин бо чунин суръати баланд таҳрик дод? Чоршанбе гуфт: “Ягон кас. Ман бисёр вақт худам худамро ба як корҳое таҳрик медиҳам ки…”

Ӯ ба кормандони пулис ҳуҷҷати ронандагии аз Тоҷикистон гирифтаашро нишон додааст. Вале дар ГИБДД гуфтаанд, ки ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон дар Русия қурби қонунӣ надорад ва Чоршанбеев бояд ҳуҷҷати ронандагии Русия медошт.

Чоршанбе Чоршанбиев дар соҳаи варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button