ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонНуқтаи назарСиёсат

ЭЪТИРОЗИ САФОРАТИ ХИТОЙ БА СУХАНОНИ САИДҶАЪФАР УСМОНЗОДА

Сафорати Хитой (Чин) дар Тоҷикистон расман ба мусоҳибаи ахири раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода бо хабаргузории “Азия Плюс” эътироз кардааст. Усмонзода рӯзи 28 декабр дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ аз пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ба хотири таъмини амнияташ пуштибонӣ кард ва гуфт, Тоҷикистон бояд бо Русия наздик шавад ва аз Хитой фосила бигирад.

“Мо дар асоси манфиатҳои Чин ё кишвари дигар бояд кор накунем. Даркор бошад меоянд. Баръакс, мо бояд аз Чин  як қадам дур гурезем. Чин аз нигоҳи иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодӣ давлати абарқудрат аст. Нуфузи Чин дар Тоҷикистон барои кишвари мо хатар дорад”,  – изҳор дошт аз ҷумла раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон.

Маҳз ҳамин суханони Усмонзода дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Хитой сабаби эътирози сафорати Пекин дар Душанбе шудааст. Дар   номаи сафорат ба “Азия Плюс” гуфта мешавад, ки “ин суханони зикршуда тамоман воқеият надоранд ва ҷавобгӯи  ҷавви муносибатҳо дӯстона ва ҳусни ҳамсоягии Хитою Тоҷикистон ва ин ду халқ нест. Мо инро дарк карда наметавонем.”

Дар идомаи номааш сафорати Хитой иддао мекунад, ки қарзҳояш ба Тоҷикистон ба таври шаффоф дода шудаанд ва ягон “қапқон” надоранд: “Хитой ва Тоҷикистон ду ҳамсояи ба ҳам дӯстанд, ки онҳоро кӯҳҳову дарёҳои муштарак ба ҳам мепайванданд. Созишномаи қарзӣ байни ду кишвар аз тариқи музокироти баробар ҳосил шудааст. Ин як нақшаи оқилона аст, ки ҳукуматҳои ҳарду кишвар пазируфтанд. Ин созишнома ягон шарти сиёсӣ намегуҳорад ва ба истилоҳ “қапқони қарзӣ”надорад.”

Сафорати Хитой изҳори умед кардааст, ки “чунин сиёсатмадорони Тоҷикистон ба асли касбӣ ― ҷустуҷӯи ҳақиқат бар асоси далелҳо такя карда, “баёнгар” ва паҳнкунандаи дурӯғ намешаванд.”

Саидҷаъфар  Усмонзода дар мусоҳибааш бо хабаргузории “Азия Плюс” ҳамчунин гуфта буд, ки

“қарзҳое ки мо аз ин кишвар гирифтем, дар оянда хатар дорад. Онҳоро ҳарчӣ тезтар пардохт намудан лозим аст. Мо бо  давлатҳои абарқудрате бояд ҳамкории зичи иқтисодӣ дошта бошем, ки пеш аз ҳама бо он ҳамсарҳад набошем.”

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 262 миллион доллар расида буд, ки ин баробари 38,2% маҷмӯи маҳсулоти умумии ин кишвар аст. Қариб 1,5 миллиард, ё тақрибан нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистонро қарзҳои Хитой ташкил медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон қарзҳои Хитойро барои амалӣ сохтани тарҳҳои муҳими зербиноӣ, чун сохтмони роҳҳо, муҳим мешуморанд ва аз он тавсиф мекунанд, ки Пекин ба фарқ аз созмонҳои молиявии ғарбӣ дар иваз қарзҳояш шартҳои сахте намегузорад. Аммо мунтақидон қарзҳои Хитойро “истеъморӣ” мешуморанд ва мегӯянд, агар Душанбе ин қарзҳоро дар оянда пардохт карда натавонад, маҷбур мешавад бахше аз истиқлолашро ё боз як қисми дигар аз қаламрави худро ба Хитой бидиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button