ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ ЧОРШАНБЕ ТАСДИҚ ШУД. БА ЗИДДИ Ӯ БО МОДДАҲОИ 189 ВА 307 ПАРВАНДА КУШОДААНД

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе расман тасдиқ кард, ки размандаи маъруфи поп-ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон Чоршанбе Чоршанбиевро рӯзи 30 декабр билофосила баъди ихроҷаш аз Русия  дастгир кардаанд. Сухангӯи додситонии Шоҳмансур ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, ба зидди Чоршанбиев бар асоси моддаҳои 189 ва 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати байни миллатҳо ва маҳалҳо ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Сухангӯи додситонии Шоҳмансур ба “Ховар” гуфт, “дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки нисбати Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович моҳи майи соли 2014 аз тарафи ШВКД шаҳри Хоруғ барои ҷинояти дуздии моликияти шахсии сокини шаҳри Хоруғ Мамадкаримов Абулназар бо моддаи 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, моҳи ноябри соли 2014 қонуни авф татбиқ гардидааст. Вале номбурда аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, мунтазам ба қонуншиканиҳо идома додааст.”

Манзури намояндаи додситонӣ қонуншиканиҳои Чоршанбиев Чоршанбе дар қаламрави Русия аст. Вале, афзудааст сухангӯи додситонии ноҳияи Шоҳмансур, “ӯ ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст. Нисбат ба Чоршанбиев Ч.А. дар асоси маводҳои мавҷуда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурда дастгир карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.”

Додситонӣ гуфтааст, ки Чоршанбиев Ч.А. аз лаҳзаи дастгиршавӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вакили дифоъ таъмин шудааст ва ба хешовандони наздикаш дар бораи дастгир кардани ӯ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои мазкур расман хабар дода шуд.

Қаблан сомонаи мустақили хабарии Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои марбут ба Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Чоршанбе Чоршанбиевро шаби 30 декабр аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ (депортатсия) карда, ӯро дар фурудгоҳи Душанбе кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пешвоз гирифтаанд ва ба ин идора бурдаанд.

Қаблан манобеи гуногун хабар дода буданд, ки дар Тоҷикистон нисбат ба Чоршанбиев барои суханони ҷанҷолбарангезаш бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати байни маҳалҳо парванда кушодаанд. Моҳи июл Чоршанбиев ҳатто бо парчами Тоҷикистон акс гирифт, то сарусадоҳо дар бораи “ҷудоиталаб” будани худро рад кунад.

Ёдовар мешавем, додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр шикояти Чоршанбе Чоршанбиевро рад кард ва ҳукми додгоҳи ноҳияи Останкино дар мавриди ихроҷи ин варзишгар аз Русияро бетағйир боқӣ гузошт. Ба ин тартиб, қарори ихроҷи ин варзишгари зодаи Бадахшон қувваи қонунӣ гирифт.

Додгоҳи Останкино рӯзи 6 декабр ҳукми  маҷбуран аз Русия берун кардан (выдворение)-и Чоршанбе Чоршанбиевро баровард. Додгоҳ ӯро бар асоси қисми 3.1 моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия гунаҳкор шинохт ва  5 ҳазор рубл ҷарима ҳам баст. Аз рӯзи судури ҳукм то замони берун карданаш аз Русия, Чоршанбиев дар боздоштгоҳи Сахарово нигоҳ  дошта мешуд.

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 3 декабр барои бидуни ҳуҷҷати ронандагию суғурта ва бо суръати баланд рондани мошин дар шаҳри Маскав дастгир шуд. Хадамоти матбуоти ГИБДД (БДА) Маскав хабар дод, ки Чоршанбиев ҳангоми ҳаракат дар нақби Лефортово қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон карда, ба болои ин,  ин лаҳзаро сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.

Ӯ ба кормандони пулис ҳуҷҷати ронандагии аз Тоҷикистон гирифтаашро нишон додааст. Вале дар ГИБДД гуфтаанд, ки ҳуҷҷати ронандагии Тоҷикистон дар Русия қурби қонунӣ надорад ва Чоршанбеев бояд ҳуҷҷати ронандагии Русия медошт.

Чоршанбе Чоршанбиев дар варзиши ММА бо номи URJ маъруф аст, вале мухлисонаш ӯро “Гурги Помир” лақаб додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button