ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ПОЙТАХТ:АВВАЛ БА ДЕВОРЧА БАРХӮРД, БАЪД ПИЁДАГАРДРО ЗАД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2021, тахминан соати 15:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қодиров Самандар Тоҳирович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба деворчаи канори чапи роҳ бархӯрда, баъдан пиёдагард Усмонов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Усмонов С.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, худи ронанда Қодиров С.Т. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки танҳо дар ду рӯзи 25 ва 26 декабр дар 6 садама дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Дар соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button