ВидеоТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АЛИИ БЕАНГУШТ, ЯК ФАРМОНДЕҲИ СОБИҚИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК

Полковник Алӣ Ҳалимов, маъруф бо лақаби Али-Беспалый (Алии Беангушт), як фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсияи тоҷик (ИНОТ) дар ҷабҳаи Шаҳритӯс вафот кард. Дар бораи даргузашти Алӣ Ҳалимов дар Фейсбук  бидуни овардани ҷузъиёт журналисти тоҷик Муҳиддин Идиев хабар дод.

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс Рамзиддин Шамсиев, ки Алӣ Ҳалимовро мешинохтааст, ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод,  ки фармондеҳи собиқи оппозитсия субҳи 29 декабр дар синни 68 дар пайи як бемории кӯтоҳ дар собиқ колхози “Ленинград”, ҳоло Тоҷикободи ноҳияи Шаҳритӯс тарки ин дунё кард.

“Наздиконаш гуфтанд, ки касал буду аммо зиёд эътибор намедод. Ҳам қанд дошту ҳам осеби сутунмуҳра. Рӯзҳои ахир дардаш бештар хуруҷ карда, бистарӣ шуда буд”, – гуфт ӯ.

 Алӣ Ҳалимов соли 1953 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ғарм (ҳоло ноҳияи Тоҷикобод) дар шаҳри Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 1992 ба саффи нирӯҳои оппозитсия пайваст ва дар ҷабҳаи Шаҳритӯс фармондеҳӣ мекард. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва тасарруфи Шаҳритӯс аз ҷониби ҷангиёни он, Алии Беангушт бо тарафдорони боқимондааш ба Афғонистон фирор кард ва тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Афғонистон ба самти Шаҳритӯс юришҳо анҷом медод. Соли 1993 дар ТВ давлатии Тоҷикистон дар бораи ба қаламрави Шаҳритӯс ҳамла овардани гуруҳи Алии Беангушт гузоришҳои зиёд нашр мешуд.

Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва ИНОТ, Алӣ Ҳалимов низ бо гуруҳи худ ба Тоҷикистон баргашт ва ба саффи Қӯшунҳои марзбонӣ пайваст.Ӯ аз ҷумлаи камшумор фармондеҳони собиқи оппозитсия буд, ки тавонист худро дар сохторҳои ҳарбии ҳукумат ҳифз кунад. Алӣ Ҳалимов то соли 2014 воҳидҳои гуногуни қӯшунҳои марзбониро дар вилоятҳои Хатлону Суғд фармондеҳӣ мекард ва 7 сол пеш баъди ба даст овардани рутбаи полковник ба нафақа рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button