ВидеоҶомеа

ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ СЕ ҶАВОН ДАР ПАНҶАКЕНТ: БАРОИ ЯК “ЗАРЯДМОНАК”…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар як иттилоия хабари ҳалокати се ҷавон дар як муноқишаи хунин дар шаҳри Панҷакентро тасдиқ кард.

“26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:50, 4 нафар ҷавонони 18 ва 19-солаи сокини Панҷакент бо маслиҳати пешакӣ дар рӯ ба рӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бо се ҷавони 17, 21 ва 23-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурдагон задаанд.Дар натиҷа, 3 нафар ҷавон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияе, ки рӯзи 28 декабр дар сомонаи ВКД нашр шуд.

ВКД дар бораи сабаби муноқишае, ки бо чунин оқибати фоҷиабор анҷомид, чизе нагуфтааст. Вале бино ба ин манбаъ, нисбат ба 4 дастгиршуда аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент бар асоси моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а”, “к” (куштори беш аз 2 нафар  аз ҳиссиёти авбошӣ) ва моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 бандҳои “а”, “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошии гуруҳӣ бо истифода аз корд ба сифати силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин 4 нафар  барои авбошӣ то 7 соли зиндон ва барои куштори сегона аз 15 то 25 соли зиндон ва ҳатто ҳабси абад таҳдид мекунад.

Аввалин шуда, хабари ҳалокати се ҷавон дар муноқишаи хунин дар Панҷакентро пойгоҳи хабарии “Бомдод” алакай шоми ҳамон рӯзи 26 декабр нашр кард.

Бино ба охирин иттилои дарёфтии “Бомдод”, сабаби “разбор” дар назди мактаби №15, ки бо чунин оқибати фоҷиабор анҷомид, баҳси ночизе бар сари як “зарядмонак” будааст. Манобеи “Бомдод” мегӯянд, 4 нафари дастгиршуда сокинони деҳаи Фароб ва кушташудаҳо як ҷавони 17-сола аз деҳаи Моғиён ва ду бародар: Ғолибшоҳи 23-сола ва Зоҳиршоҳи 21-сола аз шаҳраки Суғдиён (собиқ Таррор) будаанд. Ғолибшоҳ ва Зоҳиршоҳ дар ҷои ҳодиса ва навраси моғиёнӣ соате баъд дар бемористон  ҷон доданд. Ҳамлагарон баъди чунин ранг гирифтани кор аз ҷои ҳодиса фирор карда, ба деҳаҳои худ рафтаанд. Вале ба кормандони милитсия муяссар шуд, ки яке аз онҳоро дастгир кунанд ва тавассути баёноти ӯ шахсияти ҳамлагарони боқимондаро ҳам маълум карда, онҳоро дар Фароб дастгир кунад ва ба Панҷакент пас биоранд.

Ғолибшоҳ ва Зоҳиршоҳ фарзандони корманди корхонаи тиллои “Зарафшон” Усмон Латифӣ будаанд.  Ин оила қаблан дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекард ва баъди дар корхонаи “Зарафшон” кор пайдо кардани Усмон Латифӣ ба Суғдиён кӯчид. Дар ин шаҳрак асосан коргарони “Зарафшон”, маъруф ба “тиллозавод” зиндагӣ мекунанд.

Азбаски асли ин хонавода аз деҳаи Косатарош аст, Ғолибшоҳ ва Зоҳиршоҳро рӯзи 27 декабр дар оромгоҳи деҳаи Косатарош дар канори шаҳри Панҷакент ба хок супурданд.

Шоири зодаи Косатарош Исмоил Зарифӣ дар Фейсбук хабар дод, ки чанд сол пеш як бародари дигари Ғолибшоҳу Зоҳиршоҳ ҳангоми хидмат дар артиш ҷон бохта шуд ва рӯзи 27 декабр Ғолибшоҳу Зоҳиршоҳи ҷавонмаргро дар паҳлуи он бародари низ ҷавонмаргшудаашон дафн карданд. Исмоил Зарифӣ навиштааст, ки қатли якбора се ҷавон Панҷакентро ба ларза овард…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button