ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОНАНДАЕ, КИ ДАР АЙНӢ ҲАЛОК ШУД, КОРМАНДИ МИЛИСА БУДААСТ

Ронандае, ки шоми 27 декабр километри 115-уми шоҳроҳи пурбарфи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ  дар мавзеи Чоре Пои Мазори ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ ҳалок шуд, сокини  36-солаи деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ, корманди хадамоти “Муҳофиза”-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Хайриддин Ҳамдамов будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки шоми 27 декабр, соати 17:20 як мошини сабукрави тамғаи  “Опел-Вектра” дар Чоре ба ҷарӣ чаппа шуда, бар асари садама ронандааш ба ҳалокат расидааст. Наҷотбахшон бо кумаки асбоби кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ пойин шуда, ҷасади ронандаро бо истифода аз таҷҳизоти махсус аз даруни мошин берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, вақте ки мошин ба ҷарӣ чаппа шудааст, Хайриддин Ҳамдамов худро аз дохили мошин ба берун ҳаво додааст, вале аз қазо мошин ба болояш чаппа шуда, ӯро пахш кардааст. Чор мусофири дигари мошин, ки худро берун ҳаво дода натавонистанд, зинда мондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо дарназардошти обу ҳавои номусоиде, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, бори дигар аз ронандагон хостааст, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 26 декабр бар асари барфрезии зиёд ҳаракати мошинҳо тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва қисматҳои боқимондаи Тоҷикистон, хеле мушкил шуд.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро дар даст дорад,  алакай аз субҳи 26 декабр ронандагонро ҳушдор медод, ки бориши барф дар аксар қитъаҳои роҳ  то рафт шиддат гирифта истодааст ва аз ин рӯ, ронандагонро лозим аст, ки ба ҳолати техникии автомобилҳояшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз ҷумла ба ронандагон тавсия дода мешуд, ки дар чунин обуҳаво бо худ доштани занҷир ба манфиати кор аст.

Бино ба иттилои мақомот, дар байни ду рӯзи 25 ва 26 декабр дар 6 садама дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар ҷумҳурӣ то 400 нафар ба зиндагӣ падруд гуфта, беш аз 1200 нафар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button