ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

PAMIR DAILY – СОМОНАИ АЗ ҲАМА ФАЪОЛИ БАДАХШОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН МАСДУД КАРДААНД

Pamir Daily News, як пойгоҳи хабарии мустақил, ки рӯйдодҳои  ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба таври хеле фаъолона пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки дастрасӣ ба сомонаи интернетиаш pamirdaily.com  дар Тоҷикистон пурра масдуд карда шудааст ва аз ин рӯ, аз ин ба баъд ин нашрия тамоми хабарҳову мақолаҳояшро дар шакли пурра дар Телеграм-каналаш нашр хоҳад кард.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол расман дар бораи хабари масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи pamirdaily.com изҳори назар накардаанд, вале ин хабар дар ҳоле ба даст расид, ки Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқдони шинохта ва роҳбари “Гуруҳи 44”, ки тазоҳургарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, гуфт, мақомоти ВМКБ ва сохторҳои қудратӣ дар шарҳи сабабҳои то ҳол барқарор накардани дастрасӣ ба Интернет дар ин вилоят посух додаанд, ки “вазъ бисёр муташанниҷ аст, барои ҳамин онҳо ҳарос доранд, ки гуруҳҳои алоҳидадар Аврупо бо истифода аз ин вазъ мардумро ба низоъҳои нав ташвиқ мекунанд.”

Pamir Daily News номи кормандонашро ошкор намекунад. Ин сомона бавижа дар рӯзҳои ҳаводиси ахири Бадахшон бо шарофати пайдо ва нашр кардани хабару видеоҳои ихтисосӣ аз ҷои ҳодиса ном баровард. Аз ҷумла видеои суханронии Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон, ва видеои лаҳзаи боздошти Гулбиддин Зиёбеков дар рӯи пули дарёи Нудҷ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаро аввалин шуда Pamir Daily News нашр кард.

Ин пойгоҳ ҳамчунин вақте ки бархе зодагони Бадахшон дар пасманзари ҳаводиси ахир шиорҳои зиддитоҷикӣ ва ҷудоиталабӣ баланд карданд, бо нашри як муроҷиатнома аз ҳамаи зодагони Бадахшон даъват кард, ки гузоштани чунин масъала худдорӣ кунанд.

 “Дар шарҳҳои зери матлабҳоямон мо суханони начандон муносиберо нисбат ба миллати тоҷик мебинем. Бахусус аз ҷониби троллҳои гуногун. Мо инро як иғвои ғайримақбул мешуморем.

Дар ин рӯзҳои сахт мо шоҳид будем, ки садҳо ва шояд ҳатто ҳазорон нафар аз бародарони тоҷики мо баробари мо дард мекашиданд ва аз лиҳози маънавӣ моро пуштибонӣ мекарданд.

Ягон кас набояд ба иғво роҳ дода, ба худ ҳарфҳои таҳқиромезро нисбат ба ҳамватанон ва бародарону хоҳарони мо иҷозат бидиҳад.

Ҳамаи мо бахшҳои тақсимнашавандаи Ватани мо – Тоҷикистонем. Мо ҳама якҷо Тоҷикистонем!” – гуфта мешуд дар муроҷиатнома.

Ёдовар мешавем, марги мармузи Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа баъди боздошташ дар санаи 25 ноябр сабаби оғози эътирозҳое шуд, ки дар Хоруғ 4 рӯз давом кард. Мардум аввал ҷасади ӯ дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбековро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон се сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазии марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти як моҳ  дар робита ба марги Зиёбеков  ягон кас дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button