ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ФОҶИАВИИ НАМОЯНДАИ “СОМОН ЭЙР” ДАР АЛМА-АТО

Ҷовид Мирзобеков, як корманди намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз ҷумла “Сомон Эйр” дар Қазоқистон, бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, мошине, ки Ҷовид Мирзобеков ва дӯстони қазоқаш аз шикор бармегаштанд, рӯзи якшанбе, 26 декабр дар 250-километрии шаҳри Алма-Ато дучори садама шудааст. Бар асари ин садама Ҷовид Мирзобеков ва як дӯсташ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, танҳо як нафар зинда мондааст.

Ҷанозаи Ҷовид Мирзобековро рӯзи 29 декабр барои дафн ба Тоҷикистон мефиристанд.

Ҷовид Мирзобеков  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон буда, 34 сол ва як фарзанд дошт. Ӯ аз соли 2010, 11 сол боз дар шаҳри Алма-Ато дар намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар Қазоқистон кор мекард.

Муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон аз ӯ ҳамчун инсоне ёд мекунанд, ки ба гуфтаи яке аз онҳо, “бисёр як ҷавони зебо буд ва халқи мазлуми тоҷикро дастгирӣ мекард. Некии зиёде барои муҳоҷирон кардааст ва ин ҳама имрӯз тӯшаи охирати Ҷовиди ҷавонмарг мешаванд.”

Ҷовид Мирзобеков ба шикор ва саёҳат алоқаи зиёд дошт ва дар аксари аксҳояш дар саҳифааш дар Фейсбук низ  ӯ ҳангоми шикор ё саёҳати ягон шаҳр ё кишвар тасвир шудааст. Аз қазо марг ҳам ин ҷавони тоҷикро дар рҳи бозгашт аз шикор дарёб кард.

Равонаш шод ва макони охираташ Ҷаннат бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button