ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ АРЗОН БАРОИ КОРМАНДОНИ ВКД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ (2 АКС)

28 декабри соли 2021 бо ташаббуси роҳбарияти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Соли Нави 2022 дар шафати бинои ин вазорат ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти дохила доир карда шуд.

Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гӯшту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба бозору марказҳои савдо 30 фоиз арзонтар пешкаши харидорон карда шуд.

Подполковник Маҳбуба Гул, масъули сомонаи ВКД хабар дод, ки “тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, тӯҳфаи хубе бахшида ба Соли Нави 2022 ба шумор меравад.”
Дар арафаи иду  ҷашнҳои дигар низ роҳбарони ВКД барои кормандони милитсия чунин ярмаркаҳо бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ташкил мекунанд. Маҳбуба Гул инро “шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кормандони милитсия” номидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button