ВидеоИлму фанноварӣМуҳоҷирон

ДАР ДОНИШГОҲҲОИ РУСИЯ 23 ҲАЗОР ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ТАҲСИЛ МЕКАРДААНД

Мактабҳои олии Русия ҳамчунон барои донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар хориҷи кишвар маълумоти олӣ бигиранд, аз ҳама пурхаридор боқӣ мемонанд.

Котиби якуми сафорати Русия дар Тоҷикистон Игор Бурулко (Игорь Бурулько) рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарии сафорат гуфт, дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия қариб 23 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. 14 ҳазор нафар аз ин шумор дар мактабҳои олии Русия аз ҳисоби буҷаи давлатии он кишвар соҳиби маълумоти олӣ мешаванд, – таъкид кард дипломати рус.

Таҳсил дар мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон низ барои довталабони маълумоти олӣ пурхаридор ба шумор меравад. Ба иттилои сафорати Русия, феълан дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (РТСУ) ва филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав (МГУ) ва  МИСиС  низ тақрибан 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Пули таҳсили сеяки онҳо низ аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия будааст.

“Мо кумак ба сокинони Тоҷикистонро барои гирифтани маълумоти олӣ дар донишгоҳҳои Русия идома ва густариш медиҳем “, – нақли қавл кардааст аз суханони Бурулко хабаргузории русии “Спутник-Тоҷикистон”.

Донишҷӯёни тоҷикро ба таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз ҷумла имкони таҳсили бепул ва ҳамчунин шароити осонтар ворид шудан ба муҳити зиндагӣ ва таҳсил дар ин кишвар ҷалб мекунад. Қарори маълум, аксари сокинони Тоҷикистон забони русиро медонанд. Аз тарафи дигар, беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва онҳо бартарӣ медиҳанд, ки фарзандонашон дар канори онҳо дар инҷо таҳсил кунанд.

Ба ҷуз донишгоҳҳои Русия, боз ҳазорон донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии Хитой, Амрико ва ҳамчунин кишварҳои Аврупо таҳсил мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button