ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ РОНАНДА БАР АСАРИ БА ҶАРӢ ЧАППА ШУДАНИ МОШИНИ “ОПЕЛ”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  хабар дод, ки шоми 26 декабр дар натиҷаи як садама дар километри 115-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ронандаи мошини сабукраки “Опел-Вектра” ба ҳалокат расидааст.

Бино ба ин манбаъ, шоми 27 декабр, соати 17:20 ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Суӯд дар бораи садама дар мавзеи Чоре Пои Мазори ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ хабар додаанд.

Наҷотбахшони минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Opel Vectra”, идораи сокини 36-солаи ноҳияи Айнӣ ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе дар  километри 115-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ки рӯзи 26 декабр ба барфи шадид рӯбарӯ шуда буд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва дар натиҷа мошини ӯ ба ҷарӣ чаппа шудааст. Бар асари садама ронанда дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Наҷотбахшон бо кумаки асбоби кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ пойин шуда, ҷасади ронандаро бо истифода аз таҷҳизоти махсус аз даруни мошин берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо дарназардошти обу ҳавои номусоиде, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, бори дигар аз ронандагон хостааст, ки аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 26 декабр бар асари барфрезии зиёд ҳаракати мошинҳо тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва қисматҳои боқимондаи Тоҷикистон, хеле мушкил шуд.

Ширкати IRS, ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин ягона роҳи пулакии Тоҷикистонро дар даст дорад,  алакай аз субҳи 26 декабр ронандагонро ҳушдор медод, ки бориши барф дар аксар қитъаҳои роҳ  то рафт шиддат гирифта истодааст ва аз ин рӯ, ронандагонро лозим аст, ки ба ҳолати техникии автомобилҳояшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Аз ҷумла ба ронандагон тавсия дода мешуд, ки дар чунин обуҳаво бо худ доштани занҷир ба манфиати кор аст.

https://kchs.tj/node/2410

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button