ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР ДАР 6 САДАМАИ 2 РӮЗИ ОХИР

Дар 6 садамаи 2 рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҷумла 25-уми декабри соли 2021, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ҷалилов Исмоилҷон Тӯхтабоевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «MAN 18-272», ки таҳти идораи ронанда, Бозоров Собирҷон Орифович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Спитамен қарор доштааст, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ҷалилов И. Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Ҳамзамон 25-уми декабри соли 2021, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуллоев Умедҷон Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, хурдсол Ғафуров Баҳриддин Сабзаалиевич, соли таваллудаш 2009, сокини ҳамонҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол, Ғафуров Б.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин 25-уми декабри 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Исломов Назарзод Худодович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ Бахтиёров Юсуф Шафтолуевич, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамонҷоро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Бахтиёров Ю.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ғафорзода Назрулло Ҷаббор, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЖИ-ФАНГ-ПАЙ”, ки таҳти идораи ронанда, Абдуллоев Ҳасан Ёраҳмадович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Фархор қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел Астра” Носиров Раҳмонҷон Давлаталиевич, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ҳамин тариқ 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 07:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Илёсов Абдураҳмон Рӯзибоевич, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Айнӣ-Панҷакент”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Чанху», ки таҳти идораи Зоиров Азам Восихонович, соли таваллудаш 1964, сокини ҳамон ҷо қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Чанху», Зоиров А.В. ва пиёдагардон Амонов Ҳамдам Исрофилович, соли таваллудаш 1957 ва Ҳакимов Комил Шодиқулович, соли таваллудаш 1975, сокинони ҳамон ҷо, ки дар назди автомашинаи охирон меистоданд, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, пиёдагард Амонов Ҳ. бошад дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки шоми 26 декабр, соати 17:20 як мошини сабукрави тамғаи  “Опел-Вектра” дар Чоре ба ҷарӣ чаппа шуда, бар асари садама ронандааш ба ҳалокат расидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button