ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ЧАРО ДАР БАДАХШОН ТО ҲОЛ ИНТЕРНЕТ НЕCТ? МАҚОМОТ: АЗ ТАРСИ НООРОМИҲОИ НАВ

Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқдони шинохта ва узви “Гуруҳи 44”, ки тазоҳургарони Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, дар мусоҳиба бо “Азия Плюс” гуфт, мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сохторҳои қудратӣ дар шарҳи сабабҳои то ҳол барқарор накардани дастрасӣ ба Интернет дар ин вилоят гуфтаанд, онҳо тарс доранд, ки гуруҳҳои алоҳидае дар Аврупо мехоҳанд аз вазъи пешомада дар Бадахшон истифода кунанд.

«Мо бо раҳбарони вилоят  ва намояндагони сохторҳои қудратӣ ба таври доимӣ мулоқот мекунем. Дар мавриди интерент ба мо посух доданд, ки вазъ бисёр муташанниҷ аст, барои ҳамион онҳо ҳарос доранд, ки гуруҳҳои алоҳидае, ки дар Аврупо ҳастанд вазъро истифода карда,  мардумро ба низоъҳои нав ташвиқ мекунанд», -гуфтааст Фаромӯз Иргашев.

Иргашев низ дар воқеъ муташанниҷ будани авзоъро тасдиқ кардааст, вале ӯ ба заминаҳои дигари ноамнӣ таъкид кардааст. Ӯ аз ҷумла аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки мақомот қазияи қатли Гулбиддин Зиёбековро, ки сабаби эътирозҳои моҳи нобяр дар Хоруғ шуд,  хеле ба кундӣ таҳқиқ мекунанд, вале  дар ҳоле ки парвандаҳои ба зидди кормандони мақомоти қудратӣ қариб таҳқиқ намешаванд, парвандаҳо ба зидди сокинонро хеле зуд ташкил мекунанд.

 «Вобаста ба дарахтоне, ки бурида шуда буданд, нисбат ба як ҷавон парванда боз карданд ва  он алакай ба додгоҳ ирсол шудааст. Ҳамчунин ҳоло алайҳи ду ҷавони дигар бо иттиҳоми шарикӣ бо Гулбиддин Зиёбеков дар рабудани ёрдамчии додситон парванда боз шудааст. Аммо мақомот ҷинояти худи ёрдамчии додситонро, ки ҳамроҳ бо Ҳабиб – корманди мақомоти дохилӣ, мехостанд бо пул шиносномаи қалбакӣ ҷӯр кунанд, баррасӣ намекунанд. Раиси собиқи вилоят Ёдгор Файзов дар ин бора дар филми «Нерӯи қонун», ки сари ҳар вақт ба сифати далел алайҳи бисёриҳо нишон дода мешавад, гуфта буд. Пас чаро ин филм алайҳи кормандони мақомот истифода намешавад?»,- мегӯяд Иргашев.

Файзов дар филми мустанади “Нерӯи сухан”, ки мақомоти амниятӣ таҳия ва нашр карданд, дар ҳақиқат, Ҳабиб Маҳмадов, як корманди милисаи ноҳияи Роштқалъаро айбдор мекунад, ки барои таҳияи шиносномаи қалбакӣ аз як духтари маҳаллӣ 300 сомонӣ ва як буз гирифта, кори ӯро буд карда натавонистааст ва сипас ин духтарро бо ёрдамчии прокурори ноҳия шинос кардааст.

Маҳз шикояти ин духтар аз ӯро таъқиб кардани ёрдамчии додситон боис шуд, ки дар аввали соли 2020 як гуруҳи ҷавонон аз деҳаи Тавдем Абирзодаро барои чанд соат асир бигиранд ва  узрхоҳии ӯро аз мардуми Бадахшон сабт ва дар Интернет нашр кунанд.

Гулбиддин Зиёбеков, сокини Тавдемро рӯзи 25 ноябр маҳз дар робита ба ҳамин қазия дастгир карданд ва марги ӯ баъди боздошт нуқтаи оғози эътирозҳои Хоруғ шуд, ки 4 рӯз: аз 25 то 28 ноябр давом кард. Мардум аввал ҷасади ӯ дар рӯи даст дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги Зиёбековро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон се сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазии марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти як моҳ ягон нафари гумонбар дар марги Зиёбеков  муайян ва дастгир нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button