ВидеоИқтисодМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ТОҶИРИ ТОҶИК ФИРДАВС НАИМОВ ДАР РУСИЯ ШАХСИ АЗ ҲАМА ДАСТБАХАЙРИ СОЛИ 2021 ЭЪЛОН ШУД

Созмони “Тонг жаҳонӣ” (“Дунёи забонҳо”), ки ба ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия машғул аст, ҷоизаи солонааш “Беҳтарин шахси дастбахайри соли 2021″-ро ба Фирдавс Наимов, як соҳибкори тоҷики муқими шаҳри Маскав тақдим кард. Дар маросими тақдими ҷоизаҳо ин ҷоизаро ба ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Муҳаммад Собиров супурданд.

Як намояндаи созмони “Тонг жаҳонӣ” ҳангоми супурдани ҷоизаи дастабахайри сол гуфт, худаш зодаи Ӯзбекистон аст, вале ба тоҷикҳо ҳасад мебарад, чунки онҳо нафаре ба мисли Фирдавс Наимовро доранд, ки “ӯро ба кори хайр даъват кардан аслан зарурат надорад, худаш ҳамеша ба анҷоми корҳои хайр ҳозир аст ва ҳамеша худаш  дасти кумакашро пешниҳод мекунад.”
Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав муассис ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ин ширкат ба кашонидани бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст.

Фирдавс Наимовро як соҳибкори дастбахайр тавсиф мекунанд, ки ҳамеша ба кумаки муҳоҷирони тоҷик ва ҳамватанҳои ниёзманд мерасад. Вале ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯянд, Фирдавс Наимов байни мардуми ниёзманд фарқ намегузорад ва нафақат ба ҳамватанони худаш – муҳоҷирон аз Тоҷикистон кумак мерасонад, балки ба ҳар нафаре, ки бо умеди дастгирӣ дарашро мекӯбад, дасти ёрии худро дареғ намедорад.

Созмони “Тонг жаҳонӣ”  аз ҷониби ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон – зодаи Тошканд Валентина Чупик таъсис ёфта, яке аз созмонҳои қавитарин дар арсаи ҳимоят аз ҳуқуқи  муҳоҷирон дар Русия ба шумор меравад. Валентина Чупикро моҳи октябр ҳангоми бозгашташ аз сафари Арманистон ба қаламрави Русия  роҳ надоданд ва дар фурудгоҳи Шереметево дастгир карда, ба Арманистон ихроҷ карданд. Ба ӯ гуфтанд, ки аз мақоми гуреза дар Русия маҳрум карда шуда, барои 30 сол, яъне то соли 2051 аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум карда шудааст. Вале созмони таъсисдодаи вай “Тонг жаҳонӣ”  ҳамчунон ба фаъолияти худ  дар арсаи ҳимоят аз ҳуқуқи  муҳоҷирон дар Русия идома медиҳад.

Фирдавс Наимов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Асалому Алайкум банди Аллох илтимос ба модари ман кумак кунед модари ман шахвараш аз олам чашм пушидааст илтимос модарам бемор аст дар талхааш санг дорад варам дохтааст илтимос кумакаш кунед хонахояш тахтаву шифир надорад хато печка надорад хато чизе хурдан надорад илтимос кумакаш кунед бахотири Аллох шахвараш инвалиди груи як буд бо касвли раг аз дунё гузащт духтараш боша гушхояш намешунавад боз барои инаш чизи хурдан надорад илтимос акачон хоки потон шавам ба модарм кумак кунед

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button