ВарзишВидео

НОМ БА НОМ: БЕҲТАРИН ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 (86 АКС)

Рӯзи 25 декабр дар “Кохи Парфенон” (дар шафати “Сиёма Молл”)  дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба беҳтарин футболбозони соли 2021 дар 5 номинатсия баргузор шуд.

Ҳуҷумкунандаи дастаи “Пахтакор аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Далер Шарипов ҷоизаи “Чеҳраи умедбахш” барои беҳтарин бозигари лигаи ҷавононро ба даст овард.

Капитани дастаи “Соро компания” аз Душанбе  Файзалӣ Сардоров беҳтарин футзалисти Тоҷикистон дар соли 2021 дониста шуд. Дар соли 2021 Сардоров бо командааш ҳам Ҷом, ҳам Шоҳҷом ва ҳам унвони қаҳрамони Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Ҳуҷумкунандаи дастаи “Хатлон” аз шаҳри Бохтар  Лайло Ҳалимова беҳтарин футболбози зан дониста шуд.  Лайло имсол дар ҳайъати “Хатлон” ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шуд ва ҳам бо 67 гол беҳтарин нишонзани лигаи футболи занон гардид.

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва дастаи “Навбаҳор” аз шаҳри Намангони Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози тоҷике, ки дар хориҷ аз кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дониста шуд.

Ва дар номинатсияи асосӣ унвони беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2021 насиби Алишер Ҷалилов, капитани дастаи “Истиқлол”-и (Душанбе) ва тими миллии Тоҷикистон шуд. Алишер Ҷалилов соли 2019 низ беҳтарин футболбози сол дониста шуда буд. Дар соли 2021 Алишер Ҷалилов бо “Истиқлол” ҳам Ҷом, ҳам Шоҳҷом ва ҳам унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард ва дар роҳ ёфтани “Истиқлол” то ба давраи 1/8-финали Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё низ нақши арзанда гузошта буд.

Дар ин номинатсия ҷои дуюмро Фатҳулло Фатҳуллов аз дастаи КМВА (ЦСКА) ва ҷои сеюмро Илҳом Баротов аз дастаи “Истаравшан” ба даст оварданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button