ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

КУМАКҲОИ СОЛИНАВИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 11 ҲАЗОP ЯТИМ ВА ШАХСОНИ НИЁЗМАНД (29 АКС)

Bobozoda Asomiddin  бо нашри даҳҳо акс дар гуруҳи фейсбукии САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ хабар дод, ки аз номи раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим кардаанд. Дар иттилоия гуфта мешавад, ки ин кумакҳо , аз ҷумла ба ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт расонда шудаанд.

Дар аксҳо аз ҷараёни маросими тақдими туҳфаҳои солинавӣ соҳибкори шинохта Ҳоҷӣ Маҳмуд Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ки бо дасти хайраш ном баровардааст, низ дида мешавад. Дар аксҳо дида мешавад, ки мақомоти Душанбе барои кӯдакон дастурхони солинавӣ низ ороста, ба онҳо либоси гарми зимистона ва ҳамчунин бастаҳои туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 34 сол дошта, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 5 сол боз бар пойтахти Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Рустами Эмомалӣ соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ интихоб шуд ва қонунан мақоми раҳбари дуюми кишварро ба даст овард.

Рустами Эмомалӣ маъмулан ба мавзӯъҳои муҳиме, ки дар байни ҷомиа сарусадо ба вуҷуд меоранд, вокуниш мекунад  ва назорати парвандаҳои пурсарусадоро зери назорати худ мегирад. Аз ҷумла дар пайи чанд қазияи таҷовуз ба номуси кӯдакони хурдсол ӯ хостори шадидтар кардани ҷазоҳо барои педофилия шуд ва ахиран маҳз баъди дахолати Рустами Эмомалӣ дар робита ба азобу уқубати сокини Душанбе Мадина Мамадҷонова парванда кушоданд.

Рустами Эмомалиро як вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд.  Бархе ин нақшаро ҳамчун кӯшиши дар қабзаи як хонавода мунсаҷим кардани қудрат дар Тоҷикистон интиқод мекунанд. Гуруҳи дигар умедворанд, ки Рустами Эмомалӣ ҳамчун намояндаи насли ҷавон бо гирифтани курсии президентӣ ба гунае, ки Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистони ҳамсоя анҷом дода истодааст, даст ба ислоҳоти ҷиддӣ дар Тоҷикистон хоҳад зад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button